Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки ширкати русии "Газпром" дар низоми газрасонии Қирғизистон 18 млрд рубл сармоягузорӣ кардааст, ки дар натиҷа сатҳи таъмини газ дар ин кишвар ба 30% расидааст.
Дар ин бора Путин рӯзи 12 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон хабар дод.
"Мо медонем - ва президенти Қирғизистон ҳам чунин вазифа гузоштааст: ҳукумати Қирғизистон нақша дорад, ин сатҳ (таъмин бо газ)-ро то ба 60% расонад ва бидуни шарт мо дар ин кор ҳамаҷониба мусоидат мекунем", - гуфт Путин.
Ибтидои моҳи октябри соли ҷорӣ шаҳрдори Бишкек Эмилбек Абиқодиров гуфта буд, ки дар ду соли оянда пойтахти Қирғизистон комилан бо газ таъмин хоҳад шуд.