Ҷаласаи президентони ИДМ бо имзои 17 санад ба анҷом расид 

Summit of CIS leaders

Дар шаҳри Бишкек дар поёни ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 17 қарор ва санад қабул гардид ва раёсати давраии созмон аз Қирғизистон ба Русия гузашт.

Ба навиштаи вебсайти Кремлин, дар миёни санадҳои имзошуда созишномаи таъсиси Созмони байналмилалии забони русӣ, эҷоди Маркази байналмилалии арзёбии хатарҳои шустушӯи пулҳои аз роҳҳои ҷиноӣ ба дастомада, Изҳороти кишварҳои узви ИДМ “дар бораи муносибатҳои байналмилалӣ дар ҷаҳони бисёрқутба”, изҳорот “дар бораи ҳимояти ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ба озодии эътиқод” ва соли 2024 “Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудани Самарқанд” мебошанд. Матни ин санадҳо нашр намешавад.

Дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Бишкек, ки 13 октябр баргузор шуд, раиси ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок карданд.

ИДМ соли 1991 баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Дидори Раҳмон ва Путин дар Бишкек Раҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи марзро баррасӣ карданд Дидори Путин бо ҳамтоёнаш аз ИДМ. Ҳадаф ва ангезаи ҷаласа чист? ВИДЕОДар Бишкек Путин ва шариконаш дар бораи чӣ мегӯянд?Мақомдори қирғиз аз "авҷи таваҷҷуҳ"-и абарқудратҳо ба Осиёи Марказӣ гуфтВладимир Путин бо сафари расмӣ вориди Қирғизистон шудЭмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон меравад