Нахустин сафари Владимир Путин баъд аз содир шудани ҳукми боздошти вай аз сӯи Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ, иштирок накардани нахуствазири Арманистон дар ин ҷаласа ва талоши эҳтимолӣ барои ҳамоҳангии сиёсатҳои кишварҳои ширкаткунанда ба гуфтаи коршиносон аз нуқтаҳои қобили таваҷҷуҳи сарони кишварҳои ИДМ дар нишасти Бишкек хоҳад буд.
Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз сафар дар кишварҳои ғарбӣ вориди Бишкек мешаванд ва 13-уми октябр бо раёсати Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон нишасти шӯрои сарони кишварҳо баргузор мегардад.
Дар гузоришҳои қаблан расида гуфта мешуд, ки раиси ҷумҳуриҳои Украина ва Молдовия дар ин нишасти иштирок нахоҳанд дошт. Баъдан 10-уми октябр хабари иштирок накардани нахуствазири Арманистон Никол Пашинян низ “ба чандин далел” расонаӣ шуд. Аммо, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия пас аз моҳи марти соли 2023 ва содир шудани ҳукми Додгоҳи байналмилалии кайфарии Гаага барои боздошти ӯ дар ин нишаст ширкат мекунад.
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дастури кори ин нишаст аз 16 нуқта иборат аст, ки баррасии мавзӯи равобити байналмилалӣ дар ҷаҳони чандинқутбӣ, фанновариҳои рақамӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, тарвиҷ (ривоҷ додан)-и забони русӣ ҳамчун забони робитаи байни миллатҳо, чораҳои мубориза бо ҷинояткорӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Ҳадаф ва ангезаи ҷаласа
“Як масъалаи бисёр муҳим ба роҳ мондани як сиёсати муштарак дар нисбати Русия, нисбати кишварҳои пешрафта, Чин ва ғайра. Яъне мехоҳанд, ки сиёсатеро пеш баранд, ки манфиатҳои ҳамаи кишварҳоро фаро гирад,”- мегӯяд сиёсатшиноси мустақил аз Тоҷикистон Парвиз Муллоҷонов.
Дар айни ҳол, интизор меравад, ки дар нишасти пешорӯ пешниҳодҳои иқтисодии назарраси Маскав барои муттаҳидонаш шунида шаванд.
Денис Бердакво, сиёсатшиноси мустақил аз Бишкек мегӯяд, Русия барои пеш бурдани тарҳҳои ҷиддии иқтисодӣ, манобеи молӣ ва маъмурии кофӣ надорад. “Агар бахши аввали дастури кор дар мавриди масоили башардӯстона бошад бахши дигараш масъалаҳо дар заминаи газ, нерӯи барқи обӣ, бунёди нерӯгоҳи атомӣ ва обӣ хоҳад буд”, - ҳадс мезанад сиёсатшинос.
Ташкилот бо ояндаи норӯшан
ИДМ, ки 32 сол қабл дар рӯи вайронаҳои Шӯравӣ бунёд ёфт, ҳоло 11 кишвари аъзо дорад. Аммо, робитаи байни ин кишварҳо сол то сол дар ҳоли бад шудан аст. Белорусия дар ҷанги Русия алайҳи Украина тарафдори Русия ва Молдовия ҷонибдори Украина. Дар муноқишаи ахири Қарабоғи куҳӣ Арманистон ҳимояти Русияро эҳсос накард. Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар талоши пеш бурдани сиёсати чандқутбӣ мебошанд, аз ҷумла бо Ғарб, ки Маскав аз он нигарон аст. Дар айни ҳол мехоҳад ҷоҳталабиҳои худро дар паҳнои пасошӯравӣ нигоҳ дорад, аммо барои амалӣ кардани онҳо манобеи кофӣ дар ихтиёр надорад. Аз ин рӯ, коршиносон бо чандин далели дигар ба ояндаи рӯшани ин ташкилот назари хушбинона надоранд.
“Набуди тавони дар масоили зиёд созиш кардан, даст кашидан аз баъзе қарорҳое, ки ба як гурӯҳи шарикон писанд нестанду ба дигарҳо қобили қабуланд, боиси он шуд, ки бисёр мушкилот ҳал нашуд ва ё бар зарари дигар ҷонибҳо гардид, яъне ба созиш нарафтанд. Ба ҳамин хотир, арзиши созмони Муштарак-ул-Манофеъ кам шуд”, - мегӯяд коршинос Рофиз Аббосов.
Муттаҳидон дар ҷустуҷӯи гузинаҳои дигар
ИДМ дар 32-юмин солгарди таъсис худ, ки замоне ба унвони ҷойгузини Шӯравӣ таъсис шуд, ба назар мерасад ба баъзе аз аъзои худ ҳамчун ангушти шашуми даст нигоҳ мекунад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ барои гирди ҳам омадан дар як иттиҳодия талош мекунанд, иқтисоди онҳо ба таври фазоянда бо Чин наздик мешавад ва кишварҳои турктабори ин минтақа ҳамзамон робитаи худро бо Туркия ва бозигарони камтаъсиртар тақвият медиҳанд. Маскав дар тӯли ин муддат натавонист модели рушди ҷаззобро ба наздиктарин шарикони худ пешниҳод кунад ва талош дорад онҳоро бо фурсатҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ “дар итоат”-и худ нигаҳ дорад.
“Бидуни шак Кремл ба дунболи истифода аз нишасти пешорӯ барои афзоиши нуфузу худ дар Қирғизистон аст; ҷойе, ки дарсади бештари мардум ҳамчунон аз раҳбарии Русия ҳимоят мекунанд. Аммо, бо аъзои дигари ИДМ, ба истинои Белорус, барои Кремл душвор хоҳад буд”,- менависад пойгоҳи “The interpreter”.
Темур Умаров, пажуҳишгари маркази Карнеги мегӯяд бо таваҷҷуҳ ба инзивои Русия ин кишвар наметавонад ба шарикони худ таъсиррасон бошад ва онҳоро аз худ дур кунад.
“Баръакс Путин дар бораи дар шароити феълӣ аз манофеи иқтисодӣ суҳбат хоҳад кард, зеро ҳама медонанд, ки таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ фишор меоварад, аммо фурсатҳои зиёде барои тиҷоратҳои хурду миёна фароҳам мекунад”, - бовар дорад коршинос.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Мақомдори қирғиз аз "авҷи таваҷҷуҳ"-и абарқудратҳо ба Осиёи Марказӣ гуфтАз Cиан то Берлин. Сабаби таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш чист?Мирзиёев ва Тоқаев ба Маскав рафтанд. Раҳмон Путинро телефонӣ табрик кард"Долон, ҳуқуқи инсон ва муҳоҷират." Раҳбарони Олмону ОМ ба чӣ натиҷа расиданд?