Зиёда аз ду ҳазор нафар ҷон бохта, ҳазорҳо каси дигар маҷруҳ ва бехонаву дар шудаанд. Хисороти зилзилаи маргбор дар Ҳироти Афғонистон бо ин хатм намешавад. Ҷустуҷӯйи ҷасадҳо ҳанӯз идома дорад ва сафи захмиёну муҳтоҷон низ меафзояд. Заминларза 7-уми октябр рӯй дод. Тасвирҳо аз ҷойи ҳодиса.