Намояндагони ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон 8 октябр гуфтанд, ки теъдоди ҷонбохтагони зилзилаи сахт дар вилояти Ҳирот ба 2053 нафар расид.
Дар ин ҳодиса зиёда аз 9200 нафар захмӣ шуда, 1328 хона зарар дидааст.
Зарар ва талафоти зилзилаи Ҳирот дар тасвирҳо

Ду сокини ноҳияи Зиндаҷони вилояти Ҳирот дар болои хонае нишастаанд, ки рӯзи 7-уми октябр дар заминларза фурӯ рехт

Мардум кӯшиш доранд, ки афроди бандмондаро наҷот диҳанд ва ё ҷасади мурдаҳоро берун биоранд

Шуморе аз кӯдакон дар беруни як хонаи вайроншуда хобидаанд

Деҳаи Сарбаланди ноҳияи Зиндаҷон. Ҳирот, 7-уми октябри 2023
Сокинон дар назди ҷасади хешовандони худ нишастаанд. Онҳо дар зилзилаи 7-уми октябр дар Ҳирот ҷон бохтанд
Зилзила як деҳаро дар вилояти Ҳирот пурра нобуд кардааст