Даҳҳо муҳоҷири тоҷику узбек дар пайи амалиёт ё рейди зидди хориҷиён дар Қазоқистон ба кишварҳои худ ронда шудаанд.
Пулиси Алматӣ рӯзи 6-уми октябр аз боздошти 48 шаҳрванди Тоҷикистону Узбекистон хабар дод. Ба иттилои полиси Алматӣ, онҳо афроде будаанд, ки қонунҳои муҳоҷират дар Қазоқистонро вайрон кардаанд. Ин муҳоҷирон аз ҳаққи кор маҳрум ва ба ватанашон хориҷ карда шудаанд.
Мақомоти Алматӣ гуфтаанд, муҳоҷирони ихроҷшуда иҷборан тариқи автобус то марзи Узбекистон бурда шудаанд. Дар ин кишвар ҳам ин шабу рӯз бо ҳадафи ошкор кардани муҳоҷирони ғақриқонунӣ маъракаи “Нелегал” ҷараён дорад.
Ҳафтаҳои ахир муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон ҳам аз афзоиши амалиёт ё рейди зидди хориҷиён шикоят мекунанд. Мақомоти ин кишвар гуфта буданд, амалиёт зидди муҳоҷирати ғайриқонуни аввали моҳи сентябр оғоз ёфтааст.
Чанд рӯз пеш бахши муҳоҷирати Қазоқистон аз 14 шаҳрванди Тоҷикистон мисол оварда буд, ки "дар сохтмоне ғайриқонунӣ кор мекарданд ва ҳам ҳуҷҷат надоштанд."
Таҳрим, коҳиши иқтисоди Русият ва афзоиши тафтишу фишорҳо алайҳи муҳоҷирон дар ин кишвар сабаби он шуд, ки баъзе аз мардикорони тоҷик ба Қазоқистон рӯ оварданд.
Дар Қазоқистон онҳо асосан дар бозор ва сохтмонҳо кор мекунанд. Шумори муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар тақрибан даҳуним ҳазор нафар гуфта мешавад. Қазоқистон баъди Русия дуввумин самти муҳоҷирати кории тоҷикон аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Имкони муҳоҷират ба ИМА ва ё мавсими нави лотереяи "Green Card"Зиндони Мексика. Ҳасан бо зану се фарзандаш чӣ гуна ба Амрико рафт? ВИДЕОСалом, хоҳар. "Зан хидматгор нест". ВИДЕО "Долон, ҳуқуқи инсон ва муҳоҷират." Раҳбарони Олмону ОМ ба чӣ натиҷа расиданд?"Пулис омад, гурехтем." Шикояти муҳоҷирони тоҷик аз амалиёт дар Қазоқистон. САДО. ВИДЕО