Духтари нонамоёни президенти Тоҷикистон бо ёрии ҳукумат хонигарии тиббӣ бунёд кард. ВИДЕО

Тасвири Любов Моисеенко

Бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ

Таҳқиқоти Радиои Озодӣ ошкор кард, ки духтари начандон маъруфи президенти Тоҷикистон империяи тиббиеро ба роҳ мондааст, ки аз сӯи давлат ҳимояту таблиғ мешавад. Шавҳари вай дар Туркия сафир аст ва ба пешбурди манфиатҳои тиҷории ҳамсараш кумак мерасонад.

Парвина Раҳмонова яке аз духтарони президенти худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ба монанди бисёре аз фарзандон ва хешовандони президент, ки баъди сари қудрат омадани Раҳмон соҳиби сарватҳои зиёд ё мансабҳои баланд шуданд.

Ба фарқ аз фарзандони дигари президент, Парвина қариб ки дар мазҳари ом намоён намешавад. Ӯ хеле кам дар аксҳои хонаводагии президенти Тоҷикистон дида мешавад ва ному насабаш дар сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Туркия зикр нашудааст. Шавҳараш, Ашраф Гулов, аз соли 2021 онҷо сафир аст. Ба мо муяссар нашуд, ки соли таваллуди ӯро дақиқ кунем, вале ҳадди ақал маълум аст, ки яке аз фарзандони Парвина ба синни балоғат расидааст.

Дар паси парда Парвина Раҳмонова ширкатеро назорат мекунад, ки ҳамагӣ дар шаш сол бо ёрии робитаҳои сиёсияш ба тоҷири пештози бозори доруи Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ширкати "Сифат фарма" аз замони таъсисёбияш дар соли 2017 тендерҳои чандмиллиондолларии давлатиро аз худ мекунад ва шабакаи иборат аз қариб 20 дорухонаро дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, соҳиб аст. Ҳангоме ки ҳукумати Тоҷикистон дар давраи сирояти COVID-19 дастгоҳҳои аврупоии нафаси сунъӣ ва дору мехарид, ширкати Парвина миёнарави ин харидҳо буд.

Тиҷорати Парвина Раҳмонова ҳамчунин дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон таблиғ шуда, расми оғози кори он бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ баргузор гашт.

Дар ҳоле ки молики ягонаи "Сифат фарма" будани Парвина Раҳмонова аз тарафи мақомоти давлатӣ, расонаҳо ва ниҳодҳои дигар аслан зикр намешавад, вазъ дар паси дарҳои баста дигар аст.

Як соҳибкори тоҷикистонӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар мулоқоти корӣ дар шаҳри Душанбе мудири яке аз ширкатҳои тобеи "Сифат фарма" пайваста зикр кардааст, ки ширкат ба духтари президент тааллуқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон (байн) бо аъзои хонаводааш. Парвина Раҳмонова, духтари панҷуми президент ва молики "Сифат фарма" нафари дувум аз тарафи рост аст. Санаи гирифтани акс дақиқ нест

Мо, инчунин, муайян кардем, ки:

  • Мудири кулли ширкати "Сифат фарма" Шералӣ Холов ҳамзамон саҳмдори Бонки Байналмилалии Тоҷикистон аст. Як таҳқиқоти пешинаи Радиои Озодӣ муайян карда буд, ки ин бонк ба бародари Ашраф Гулов, шавҳари Парвина Раҳмонова, рабт дорад;
  • Яке аз роҳбарони ширкатҳои фаръии "Сифат фарма" ба рақибонаш машварат додааст, дар тендерҳои давлатие, ки ин ширкат ҳузур дорад, иштирок накунанд. Дар ин бора ду соҳибкор ба мо нақл карданд;
  • Раҳмон худаш дар рушди робитаҳои кории ширкати духтараш бо корхонаи дорусозии фаронсавӣ кумак кардааст;
  • Ширкати фаръии "Сифат фарма", ки ба номи духтари Парвина Раҳмонова аст, низ дар тендерҳои давлатӣ ғалаба мекунад.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз "Сифат фарма", Ашраф Гулов, Вазорати тандурустӣ ва Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дархост кард, ки ҳимояти давлатии "Сифат фарма"-ро шарҳ диҳанд. То замони нашри матлаб ҳеч кадоме аз онҳо ҷавоб надоданд.

Дасти ёрирасони давлат

26-уми сентябри соли 2017 мансабдорон ва меҳмонон аз зери чанбари пуфакҳои гулобию сафед гузашта, ба бинои бошукуҳу сутундори начандон дур аз хонаи президент дар шаҳри Душанбе ворид шуданд, то оғози кори ширкати "Сифат фарма"-ро ҷашн гиранд.

Бо паёме дар ин маросим Саида Умарзода, муовини вақти вазири тандурустии Тоҷикистон, гуфт: "Сифат фарма" ... дар самти таъмини аҳолӣ бо доруи хушсифат дар пешрафти соҳаи дорусозиву доруфурӯшии кишвар нақши назаррас хоҳад дошт." Расонаҳои зиёди давлатӣ хабари фаъол шудани "Сифат фарма"-ро нашру бознашр карданд, аз ҷумла сомонаи вазорат.

Бино ба хабари Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ширкат дар ибтидои фаъолияташ аллакай "бо мақсади дастраси аҳолӣ намудани дорувории ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ бо вазоратҳои тандурустиву соҳаҳои дорусозии Беларус, Ҳиндустон ва Эрон шартномаи ҳамкорӣ баста, нақша дорад дар оянда сафи шариконро бештар намояд."

Ин як оғози сархушкунандае буд барои ширкате, ки ҳамагӣ камтар аз панҷ моҳ пеш таъсис ёфтааст.

"Сифат фарма" рӯзи 2-юми майи соли 2017 дар мақомоти андози Тоҷикистон сабти ном шуда, ягона муассиси он Парвина Раҳмонова, духтари панҷуми президент Эмомалӣ Раҳмон, нишон дода шудааст. То имрӯз ӯ ягона молики ин ширкат зикр мешавад.

Вале на ӯ дар аксу наворҳои маросими кушодашавии ширкат дида мешавад ва на Вазорати тандурустӣ аз ӯ ном мебарад, ҳарчанд дар ин тантана падарарӯсаш, вазири пешини саноат ва энержии Тоҷикистон, Гул Шералӣ ширкат дошт.

Маросими кушодани "Сифат фарма" дар Душанбе, моҳи сентябри соли 2017

Таблиғи сомонаи расмии вазорат ягона кумаке нест, ки ширкати Парвина дарёфт кардааст.

Аз замони таъсис ёфтанаш то моҳи августи 2023 "Сифат фарма" ба 5,5 миллион доллар тендерҳои давлатиро соҳиб шуда, ба Вазорати тандурустӣ ва муассисаҳои дигари тиббии Тоҷикистон дору ва лавозимоти гуногуни тиббӣ дастрас кардааст.

Ду ширкати тобеи "Сифат фарма" – ширкати дӯзандагии "Сифат саноат" ва "Тибби тоҷик", ки фаъолияташ аз "хидматрасонӣ дар соҳаи тиб" иборат аст – ба маблағи бештар аз 326 ҳазор доллар тендери давлатиро буридаанд. Радиои Озодӣ санадҳои тасдиқкунандаи ин маълумотро дар ихтиёр дорад.

Арзиши умумии империяи Парвина Раҳмоноваро муайян кардан осон нест. Дар Тоҷикистон маълумот дар бораи андозҳои пардохтаи ширкатҳо ва эъломияи даромаду дороиҳои мансабдорон нашр намешаванд (шавҳари Парвина ҳамчун сафир вазифадор аст, ки ин иттилоъро дар ихтиёри мақомот гузорад).

Ҷумъа Давлатзода, раиси Оҷонси хидмати давлатии Тоҷикистон, соли 2019 гуфта буд, ки эъломияи дороии мансабдорон нашр намешавад, чун "ҷомеа ба қабули он омода нест". "Ҳар вақте ки сатҳи тафаккур ва фаҳмиши ҷомеа ба сатҳи ҷомеаи ғарбӣ баробар шавад, ҳатман масъалагузорӣ мекунем," - гуфта буд Давлатзода дар нишасти хабарие дар бораи нашри дороиҳои мансабдорон ва тоҷирон.

Дар сомонаи "Сифат фарма" гуфта мешавад, ки ин ширкат 18 дорухона дорад ва 16 адади онҳо дар шаҳри Душанбе ҳастанд.

Санадҳои гумрукӣ, ки Радиои Озодӣ онҳоро омӯхтааст, нишон медиҳанд, "Сифат фарма" аз соли 2018 ба Тоҷикистон ба маблағи 3,2 миллион доллар (асосан дору) ворид кардааст. Ҳуҷҷатҳои пеш аз ин дастрас нашудаанд. Ин рақам шояд ба маротиб бузургтар бошад, зеро нархи бисёре аз доруҳои воридотии ширкат нишон дода нашудааст.

Ширкати Раҳмонова аз болотарин сатҳи давлат низ дасти ёрӣ гирифтааст.

Моҳи ноябри 2019 президент Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари расмӣ ба Фаронса бо сармоягузорон ва соҳибкорон, ба гуфтаи хадамоти матбуотияш, "дурнамои ҳамкорӣ ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ"-ро баррасӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҳукумат аз тарафи чап ҳангоми нишасти Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса. Порис, 17-уми ноябри соли 2019. Ҳамон вақт "Сифат фарма" бо ҳамкори фаронсавии худ қарордод имзо кард

Дар натиҷаи ин мулоқот, ки Эмомалӣ Раҳмон дар он пешниҳодҳои сармоягузориро дар Тоҷикистон ба миён гузошт, яке аз созишномаҳо байни "Сифат фарма" ва ширкати дорусозии фаронсавии "Laboratoire Innotech" имзо шуд.

Чанд моҳ баъд, ҳангоми ҳамагирии COVID-19 ҳукумати Тоҷикистон маҳз ба ширкати Парвина Раҳмонова рӯй овард, ки дастгоҳҳои нафаси сунъӣ ва дорувори зарурӣ ворид кунад.

Моҳи апрели соли 2020 ҳукумат барои 27 дастгоҳи нафаси сунъӣ ва дору ба ширкати олмонии Lowenstein Medical Technology 11 миллион сомонӣ (ба қурби онвақта наздик ба 1,1 миллион доллар) пардохт кард. Миёнарави ин хариду фурӯш, тавре Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, "Сифат фарма" буд.

Lowenstein Medical Technology ба номаи электронии мо дар бораи дастгоҳҳо ва нархи онҳо посух надод. Ҳамчунин тамосҳои телефониро беҷавоб гузошт.

Дар моҳи октябри соли 2021 дар таҳлили расмии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон "Сифат фарма" яке аз се ширкати "калидӣ"-и бозори фарматсевтии Тоҷикистон унвон шуд.

"Ширкати духтари президент"

Аз замоне ки Раҳмон дар оғози солҳои 90-ум, баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, қудратро дар Тоҷикистон ба даст гирифт, фарзандон ва хешу табораш соҳиби сарвати азим ва таъсири сиёсӣ дар кишвар шуданд.

Аз нуҳ фарзанди Эмомалӣ Раҳмон се тани онҳо соҳиби мақомҳои баланде ҳастанд, махсусан писараш, Рустами Эмомалии 35-сола, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, ки вориси падараш номида мешавад. Вай дар сурати истеъфо ё нотавонии падараш иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон хоҳад шуд.

Расонаҳои таҳти назорати Рустами Эмомалӣ ҳамчунин дар таблиғи ширкатҳои Парвина саҳм доранд.

Барои намуна, "Телевизиони Душанбе" "Сифат саноат"-ро ки муассисаш Парвина Раҳмонова аст ва ширкати фаръии "Сифат фарма" дониста мешавад, дар як барномаи 20-дақиқаӣ таърифу тавсиф кард. Ин ширкат аз ҷумла ба истеҳсоли либосҳои тиббӣ машғул аст. Дар барнома махсусан сифати либосҳои ширкат ва нақши он ҳамчун офарандаи ҷойҳои корӣ зикр шуд (Санаи пахши барнома маълум нест, вале соли 2022 дар Ютюб гузошта шудааст).

"ТВ Душанбе" аз сӯи ҳукумати шаҳри Душанбе идора мешавад, ки Рустами Эмомалӣ раиси он аст. Талошҳои Радиои Озодӣ барои дарёфти шарҳи телевизиони мазкур бенатиҷа анҷомиданд.

Рустами Эмомалӣ (чап), раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе, вориси президент Эмомалӣ Раҳмон (рост) номбар мешавад

Дар гузориши телевизионии мазкур мудири "Сифат саноат" Ҳокимшо Идиев соҳибкорони Тоҷикистонро ба таъсиси ҷойҳои корӣ даъват мекунад: "Ҳамчун соҳибкор фикр мекунам, ки бояд ҳисси миллии ҳамаи соҳибкорон бедор шавад ва барои дар амал татбиқ намудани сиёсати ... президент ... бояд саҳмгузор бошанд. Ақаллан дар соҳаи ташкил кардани ҷойҳои корӣ."

Аммо ду соҳибкори ҳамин соҳа дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, "Сифат саноат" ба дигарон фишор меорад, ки дар тендерҳои давлатӣ ширкат накунанд. Ҳарду соҳибкор, ки аз тарси қасосгирӣ нахостанд, номашон гуфта шавад, тасдиқ карданд, ки Идиев ба онҳо ҳушдор дод, ки дар озмун барои таҳияи сарулибоси тиббӣ иштирок накунанд.

"Мехостам, дар як тендер ширкат кунам ва хостам аз вай [Идиев] машварат гирам. Ӯ гуфт: "Ин тендери мо аст, ширкат накунед". Баъд аз ин тасмим гирифтам, ки дар тендер ширкат накунам," - гуфт яке аз соҳибкорон.

Мудири ширкати дигар низ гуфт, Идиев аз вай "хостааст" дар тендерҳои давлатии хариди либосҳои тиббӣ ширкат накунад.

Яке аз ин афрод гуфт, Идиев дар мулоқоти корӣ дар шаҳри Душанбе доим зикр мекунад, ки "Сифат саноат" "ширкати духтари президент аст". Идиев ба дархости шарҳ додани ин посух надод.

Дар барномаи "ТВ Душанбе" Идиев мегӯяд, "Сифат саноат" "ба хадамоти истифодабарии роҳҳои Душанбе ва коллеҷҳои тиббӣ хидмат мерасонад". Бино ба маълумоти харидҳои давлатӣ, ки Радиои Озодӣ омӯхт, "Сифат саноат" аз моҳи марти соли 2019 ба ин сӯ ба маблағи 142 500 доллар тендерҳои давлатиро буридааст.

Аз манфиатҳои "Сифат саноат" ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашраф Гулов, ки шавҳари Парвина Раҳмонова аст, ҳимоят мекунад.

Лоббигарии сафир

Моҳи июли соли 2022 хабаргузории давлатии Тоҷикистон "Ховар" иттилоъ дод, ки "бо ташаббуси Ашраф Гулов", ки як сол пеш Раҳмон ӯро сафир дар Туркия таъйин карда буд, соҳибкорони туркӣ ба Тоҷикистон омадаанд. Ин сафар, тибқи ҳамин хабар, ба камияш барои ҳамсари Гулов самарабахш буд.

Дар пайи он миёни "Сифат саноат"-и Парвина Раҳмонова ва ширкати туркии Dundarlar тафоҳумномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар гузориши "Ховар" тамғаи тиҷоратии "Сифат фарма" ва акси зане ҳангоми дӯхтани либоси тиббӣ истифода шудааст.

Гулов ба номаи журналистие, ки ба нишонии сафорати Тоҷикистон дар Туркия барояш фиристода шуда буд, посух надод.

Вай аз ин пеш ҳам барои тақвияти тиҷорати ширкати ҳамсараш аз мақоми хидматии худ истифода кардааст.

Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия, ба тиҷорати дуҷониба дар бахши фарматсевтӣ, ки ширкати ҳамсараш дар ин соҳа дар Тоҷикистон пешсаф аст, мусоидат мекунад

Ашраф Гулов дар моҳи ноябри соли 2021 дар мавзӯи "шарикии байни ширкатҳои тиббиву фармакологии тоҷикиву туркӣ" вебинар ташкил кард, гуфта мешавад дар сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Туркия.

Дар он вебинар "аҳамияти рушди ҳамкорӣ" дар бахшҳои мазкур баррасӣ шуда, аммо навор ва ё протоколи ин вебинар дар сомонаи сафорат нашр нагардидааст. Дар аксҳои ширкатдорон дида мешавад, ки мудири кулли "Сифат фарма" Шералӣ Холов дар вебинар иштирок дорад.

Пайвандҳои тиҷоратии Холов на танҳо бa Парвина Раҳмонова, балки то хешовандони дигари Гулов низ мерасанд. Холов, ки сомонаи президенти Тоҷикистон ӯро "соҳибкори ватандӯст" номида, заҳматашро дар бунёди боғчаи бачагон дар шаҳри Душанбе ситоиш кардааст, ҳамчунин саҳмдори Бонки Байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Бонке, ки ҳамкори ду ширкати бародари Ашраф – Ҷамшед Гулов аст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Духтари президенти Тоҷикистон хонигарии тиббӣ бунёд кард

Асрори оила

Бино бар маълумоти сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Туркия, Гулов оиладор ва соҳиби панҷ фарзанд аст. Аммо сомонаи сафорат на номи ҳамсари Гуловро зикр мекунад ва на ёдрас мешавад, ки вай духтари президенти Тоҷикистон аст.

Бино ба феҳристи шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон, яке аз духтарони Гулов ва Раҳмонова ба тиҷорати модараш ҳамроҳ шудааст: вай ширкати фаръии "Сифат табобат"-ро дар зери "Сифат фарма" таъсис додааст, ки ҳамчунин тендерҳои давлатиро соҳиб мешавад.

"Сифат табобат" моҳи феврали соли 2018 таъсис шуда, молики ягонаи он Гулова Рамзия Ашрафҷоновна, духтари Парвина Раҳмонова ва Ашраф Гулов, нишон дода шудааст. Рамзия он замон донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия буд. Дертар "Сифат табобат" ба "Тибби тоҷик" табдили ном кард ва фаъолияташро ҳамчунон зери боли "Сифат фарма" идома медиҳад.

Бино бар сабти харидҳои давлатӣ, "Тибби тоҷик", ки фаъолияташ аз "хидматрасонӣ дар соҳаи тиб" иборат аст, соли 2022 тендери давлатиро ба маблағи 184 000 доллар буридааст. Миёни муштариҳои давлатии ширкат Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шимоли кишвар ва Маркази давлатии зиддиэпизоотикии Душанбе ҳастанд.

Дар манбаъҳои боз дар бораи Рамзия Гулова иттилоъ хеле кам аст. Бино ба асноди расмие, ки Радиои Озодӣ дид, Рамзия солҳои охир дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе таҳсил кардааст.

Нашрияи донишҷӯёни ин донишгоҳ моҳи апрели соли 2018 хабар додааст, ки Парвина Раҳмонова ва Ашраф Гулов дар чорабинии донишгоҳ иштирок кардаанд, ки "яке аз рӯйдодҳои асосӣ" дар он ровӣ интихоб шудани Рамзия Гулова буд.

Радиои Озодӣ натавонист, ки почтаи электронӣ ва ё рақамҳои расмии ширкати "Тибби тоҷик"-ро пайдо кунад ва ба ин далел саволҳои марбут ба Рамзия Гуловаро тариқи рақамҳои WhatsАpp ба Ҳамидов Ҷамшед фиристод, ки дар сафари президенти Тоҷикистон ба Фаронса дар соли 2019 шартномаи ҳамкории "Сифат фарма"-ро бо ширкати фаронсавӣ имзо карда буд.

Ҷамшед Ҳомидов (чап), намояндаи "Сифат фарма", ҳангоми имзои созишнома бо намояндаи ширкати Laboratoire Innotech International. Порис, 17-уми ноябри соли 2019, ҳангоми сафари президенти Тоҷикистон ба Фаронса

Ҳамидов тариқи Whatsapp посух дод, ки айни замон дар ширкати "Тибби тоҷик" кор мекунад ва фаъолияташро дар "Сифат фарма" қатъ кардааст. Паёмакрасони Whatsapp-и ӯ нишон медиҳад, ки дархости журналистиро дар бораи Рамзия Гулова хондааст, аммо то замони нашри матлаб Радиои Озодӣ посухи ӯро нагирифт.

Дар таҳияи ин таҳқиқ хабарнигорони РАО/РО Рийн Аляс ва Карл Шрек саҳм гирифтанд