"Билохира мо ба шаҳри Рейносам расидем. Ин шаҳри хурде дар Мексика аст ва ба Амрико наздик," – гуфт Ҳасан Багишев, муҳоҷир аз Қирғизистон.
Ӯ ва зану се фарзандаш то расидан ба сарҳади Амрико роҳи сахту дарозеро тай карданд. Бисёр мехостанд, ки вориди Иёлоти Муттаҳида шаванд. Ҳасан Багишев ният дошт, аз ҳукумати ин кишвар паноҳандагии сиёсӣ пурсад. Вай дар Қирғизистон милиса буд.
"Дар Қирғизистон 10 сол хидматчии давлатӣ будам. Қурбонии ришваситонӣ шудам. Тамом. Маҷбур шудам, корамро тарк намоям," – нақл кард ӯ.
Никарагуа, Гондурас, Гватемала ва Мексика. Муҳоҷирон бо ҳар роҳ, қонунӣ ва ғайриқонунӣ бо мошину автобус ва ҳатто пиёда худро ба ин нуқтаҳо мерасонанд. Ба нақли Ҳасан Багишев имкон дошт ҳар лаҳза ӯ ва оилаашро аз роҳ гардонанд.
"Як ҳолат буд. Шаб ронанда автобусро дошт. 4-5 одами ниқобдор даромада, мусофиронро тафтиш карданд. Шиносномаҳоро кушода, пулҳоро мегирифтанд. Ором менишастем. Аз дасти як бача соаташро гирифтанд. Як нафари дигар дар гарданаш занҷири тило дошт. Онро ҳам гирифтанд," – нақл кард ӯ.
Гулшаир Абдураҳмонова, ҳамсари Ҳасан Багишев, он шабро чунин ба ёд овард: "Пули мо ва дӯсти шавҳарам дар дасти ман меистод. Онҳоро печонда дар таҳпӯшам пинҳон кардам. Зане, ки маро тафтиш мекард, онро ёфт. Пулҳои калонро гирифту пулҳои хурдро баргардонд. Гуфт, ки ту кӯдак доштаӣ. Ман ҳам раҳмат гуфтам."
Ин оила бо се кӯдак чанд рӯзро дар зиндони Мексика гузарондааст. "Ба мо нақл карданд, ки милисаҳо муҳоҷиронеро ба мисли мо ба Топочуло бурда, аз он ҷо ба Гватемала меронанд. Аз он метарсидам, ки моро ҳам аз роҳ мегардонанд," – гуфт Гулшаир Абдураҳмонова.
Вале онҳоро хориҷ накарданд ва оилаи муҳоҷирон дар ҷустуҷӯйи роҳҳои қонунии рафтан ба Амрико шуданд. Барномаеро ёфтанд, ки имкон медод, муҳоҷирон аз Мексика истода, аз мақомоти Амрико дархости паноҳандагӣ кунанд.
"Барои ин кас бояд ҳамеша дар барнома онлайн бошад. Яъне, онҳо ҳар вақти муносиб ҷойи будубоши туро дида тавонанд. Барои ин телефонро дар селофане гирифта, дар баландӣ мегузоштем, то мавҷи интернет гум нашавад. Ҳар рӯз, соати 10 ба вақти Мексика, бояд огаҳӣ ояд. Агар наояд, мо боз барои мулоқот бо намояндаи муҳоҷират аз нав дархост пешниҳод мекунем," – гуфт Ҳасан Багишев.
Баъд аз дувуним моҳи азобу сахтиҳои роҳ Ҳасан ва оилаи ӯ ба ҳадаф расиданд. Онҳо ҳоло дар Ню-Йорки Амрико зиндагӣ доранд.
"Духтури мексикоӣ ба занам гуфт, ки ӯ бордор аст. Бисёр хурсанд шудам. Духтур Армандо ном дорад ва ман ба ӯ гуфтам, ки агар писар таваллуд шавад, номашро Армандо мемонем. Мебинем боз. Ҳамааш дар дасти Худо. Хурсандам, ки фарзандам соҳиби шаҳрвандии Амрико мешавад," – гуфт ин шаҳрванди Қирғизистон.
Ба фарқ аз муҳоҷирони дигар роҳи расидани ин оила ба Амрико нисбатан осону камхатар буд. Барои баъзе аз шаҳрвандони дигари Осиёи Марказӣ орзуи расидан ба Амрико бо фоҷеа анҷом меёбад.
Бархе моҳҳо дар зиндони Мексика мемонанду гурӯҳе ба ғуломӣ меафтанд ва бархе ҳам дар роҳ ба ҳалокат мерасанд. Бо вуҷуди ин ҳама хатарҳо шумори онҳое, ки талош мекунанд ғайриқонунӣ худро ба Амрико расонанд, кам намешавад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад