Ӯ дар яке аз шабакаҳои тарабхонаи "ДеДа Хинкали" ба ҳайси сарошпаз ва масъули таъми хӯрок кор мекунад. Барои чорабиниҳои мухталиф ва барои даҳҳову садҳо нафар дастурхон ва зиёфат меорояд.
Заррина 25 сол боз дар муҳоҷират аст ва ба фарқ аз бисёре аз заноне, ки аз кору зиндагии сахти худ дар ғарибӣ шикоят мекунад, аз кораш розӣ асту миёни ҳамкорон соҳибэҳтиром. Мегӯяд, занон ҳам агар талошу хоҳиш доранд, метавонанд ба танҳоӣ дар муҳоҷират роҳу ҷойгоҳи худро пайдо намоянду барои худ зиндагии беҳтаре созанд.
25 соли пеш Зарина тифли 6-солаашро бо модар гузошта, тасмим гирифт танҳо ба муҳоҷират равад. Ин қарор барояш осон набуд, вале он замон ӯ дигар роҳе барои пешбурди зиндагӣ надошт.
Дар сӯҳбаташ бо барномаи "Салом, хоҳар"-и Радиои Озодӣ Заррина чунин нақл кард:
“Ман ду сол дар шуъбаи кадрҳои дармонгоҳ (поликлинника)-и № 2-и шаҳри Кӯлоб кор кардам. Аз сабабе, ки маош кам буд, маҷбур шудам ба муҳоҷират равам, то зиндагии беҳтаре дошта бошам. Он замон духтарам 5-6 сола буд. Вақте синфи як рафт, ман дар бараш набудам. Ҳамеша ман инро бо андуҳ ба ёд меорам ва худро наздаш қарздор меҳисобам. На дар зодрӯз, на соли нав мо якҷо набудем.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нахуст, хост корро аз Маскав шурӯъ кунад, аммо ба гуфтаи Заррина, ин шаҳри калон ӯро хуб қабул накард. Баъд аз як сол ӯ бо дасти холӣ ба ватан баргашт ва ин бор бо машварати дугонааш ба Санкт-Петербург рафт. Ин ҷо ӯ корро аз зарфу фаршшӯӣ оғоз кард.
"Ба Русия бо нияти кор аз рӯйи ихтисос омадам, аммо натавонистам. Ба бахши ошхонадорӣ рафтам. Корро аз сифр сар кардам, зарфу фарш мешустам. Аммо ҳамзамон нигоҳ мекардам, ки чӣ тавр ошпазҳои касбӣ хӯрок мезанад. Барои ман ин ҷолиб буд. Мехостам ман ҳам тарзи таҳияи ғизоҳои болаззатро ёд гирам. Ман аслан хушҳол кардани одамонро дӯст медорам ва ин барои ман хеле муҳим буд, ки одамон вақте ғизои таҳиякардаи маро мехӯранд, шоду розӣ бошанд. На ҳама метавонанд ба ту нозукиҳои кори ошпазиро омӯзад. Одам бояд ба тавоноии худ бовар дошта бошад ва бояд донӣ, ки ту ҳатман аз ӯҳдаи кор мебароӣ ва аз каси дигар ягон камӣ надорӣ. Аз ошпазҳои дигар хоҳиш мекардам, ки иҷоза диҳанд ба онҳо кӯмак кунам. Ё ҳангоми маъракаҳо, вақте кор зиёд буд, ҳамеша ба онҳо ёрӣ мекардам. Ҳамин тавр худро нишон додам, ки ман ҳам метавонам.”
Ба бовари Заррина, пеш аз ҳама сабру талош ва қавӣ будан метавонад ҳар занро дар зиндагӣ ба ҳадаф бирасонад. Тоқатпазир ва омода набудан ба кору сахтиҳо махсусан дар ҳиҷратро ӯ як сабаби ба мушкилоти фаровон дучор шудани бисёре аз занон медонад.
“Имконият зиёд аст, ҳама кори занона пардохта мешавад. Ҳама чӣ якбора ба даст намеояд. Одамон, махсусан занони мо, ба кору зиндагӣ дар ин ҷо омода нестанд. Бубинед, як мисоли одӣ меорам. Зане омад, хост барояш кӯмак кунам. Ман барояш кору ҷойи хоб ва шароитро муҳайё кардам. Вале дар охир маълум шуд, ки ӯ омода нест, ки кори сиёҳу вазнин кунад, намехост, масалан фарш ё ҳоҷатхона тоза кунад.”
Дар ҳоле, ки муҳоҷирати тӯлонӣ бархе аз занонро афсурдаҳолу дилшикаста мекунад, зоҳиран мусоҳиби мо, агарчи ба осонӣ ин роҳро тай накардааст, аммо бечоранолӣ намекунад ва ба зиндагӣ хушбин асту талош дорад баробар бо кор вақти худро хуб гузаронад. Мегӯяд, 25 соли зиндагияш дар муҳоҷират ба танҳоӣ гузашт ва агарчи сарвати зиёд ҳам ҷамъ накард, аммо, мегӯяд, тавонистааст ба ҳадаф расад.
“Мақсад доштам, ки фарзандаму волидонам ба чизе ниёзманд набошанд. То рӯйи дастурхони модарам ҳамеша нони гарм бошад ва падарам ҳам таъмин бошад. Мақсадам ин буд, ки пайвандони ман ба чизе ниёз надошта бошанд, духтарам хуб мактаб хонаду соҳиби маълумот шавад. Ман ба ин мақсадам расидам.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Салом, хоҳар. Кӯдакамро намедиҳанд, чӣ кор кунам? ВИДЕОСалом, хоҳар. Кӯдакамро намедиҳанд, чӣ кор кунам?Сарнавишти талхи Ситора дар нахустин барномаи "Салом, хоҳар" ВИДЕОСалом хоҳар. Ноболиғи таҷовузшударо чӣ гуна дармон мекунанд?"Салом хоҳар"-барномаи нави Радиои Озодӣ