Теъдоди гурезаҳои Қаробоғи Кӯҳӣ ба 85 ҳазор наздик мешавад

Фирориёни Қаробоғи Кӯҳӣ

Ҳудуди 85 ҳазор сокини Қаробоғи Куҳӣ хонаҳои худро тарк карда, ба Арманистон кӯчидаанд.

Ҳудуди 85 ҳазор сокини Қаробоғи Куҳӣ хонаҳои худро тарк карда, ба Арманистон кӯчидаанд.

Сухангӯи сарвазири Арманистон Назелӣ Багдасарян гуфт, то ҳол 84 770 сокини Қаробоғи Куҳӣ вориди он кишвар шуданд. Қаробоғи Куҳӣ беш аз 120 ҳазор аҳолӣ дорад.

Сокинони армании Қаробоғ баъд аз оғози амалиёти Озарбойҷон талош доранд, ки дастҷамъона минтақаро тарк кунанд.

Ҳафтаи гузашта дар натиҷаи як амалиёти низомии Озарбойҷон мақомоти армании ҷумҳурии худхондаи Қаробоғи Кӯҳӣ, ки беш аз 30 сол боз вуҷуд дошт, ба Боку таслим шуданд.

Президенти ҷумҳурии худхондаи Қаробоғи Куҳӣ фармони барҳам хӯрдани ҷумҳуриро аз 1-уми январи соли 2024 имзо кард.