Қурбонбӣ Шоҳқулова панҷ сол пеш дар маҳаллаи Чоряккорон, дар теппаҳои наздики Душанбе хона сохт, аммо то ҳол манзилаш ҳуҷҷат надорад. Ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ мунтазир буд, ки бо қабули қонуни афви амвол, манзили ӯ ва ҳамсояҳошон қонунӣ мешавад ва санад мегиранд.
Бо гузашти ду сол аз қабули қонуни афв, сарнавишти манзили Қурбонбӣ Шоҳқулова ҳамчунон норӯшан аст. Мақомот мегӯянд, сокинон набояд интизор бошанд, ки қонуни афви амвол ҳамаи манзилҳои ғайриқонунӣ бунёдшударо қонунӣ мекунад.
"Интизорем, ки боз меоянд"
Қурбонбӣ Шоҳқулова, сокини ноҳияи ноҳияи Рӯдакӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамчунон интизор аст, ки ҳуҷҷатҳои манзили ӯ бар асоси қонуни афви амвол дуруст мешаванд.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, намояндагони Кумитаи замин боре омада дар бораи қонуни афви амвол суҳбат карданд, аммо дигар онҳоро надиданд. "Мо интизори онҳо ҳастем, ки оянд ва мо ҳамин ҳуҷҷатҳоро қонунӣ кунем," -- мегӯяд ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Солҳои охир дар атрофи Душанбе маҳаллаҳои навбунёд зиёд шудааст. Тақрибан аксар замини зери ин маҳаллаҳои навбунёд ба қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ дохил мешуд. Дар миёни онҳо манзилҳое зиёданд, ки ҳуҷҷат надоранд ва ҳар лаҳза мумкин аст аз сӯи мақомот вайрон гарданд. Теъдоди дақиқи онҳо маълум нест.
Шартҳои қонуни афв
Масъулони Кумитаи замин ва геодозӣ мегӯянд, на ҳама манзилҳои ғайриқонунӣ сохташуда бар асоси тарҳи қонуни афв қонунӣ хоҳанд шуд. Бахусус сарнавишти хонаҳое, ки дар чарогоҳу заминҳои обӣ бунёд шудаанд.
Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезӣ, моҳи августи имсол дар нишасти хабарӣ гуфт, онҳо талош доранд барои манзилҳое, ки солҳо пеш сохта шуда, то ҳол ҳуҷҷат надоранд, роҳи ҳал пайдо кунанд.
"Вақте аз мардум мепурсем, ки дар кадом асос ин хонаро бунёд кардед, як ҳуҷҷати қалбакиро бароварда нишон медиҳад ва мегӯяд, "ҳамин ҳуҷҷатро ба ман доданд, ман хона сохтам". Онҳое, ки ин корро карданд, ҳамаашон ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Мо имрӯз ҳаминро меомӯзем, кадом ҳолатҳое, ки бартараф кардан даркор, ҳатман бартараф мекунем, агар ин хел монем, зиёд шуда рафтан мегирад. Пеши роҳи инро гирифтан даркор,” -- шарҳ дод раиси Кумитаи замин.
Рӯзноманигор дар нишасти хабарӣ чанд маротиба аз раиси Кумитаи замин дар бораи сарнавишти манзилҳое пурсиданд, ки 15-20 сол пеш сохта шуда, то ҳол соҳибонашон ҳуҷҷат нагирифтаанд. Ориф Хоҷазода ба ин суол посухи мушаххас надод ва танҳо гуфт, манзилҳое, ки зери хати сурх бунёд шудаанд, мавриди омӯзиш қарор дода, хулосаро ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мекунанд.
Зери хати сурх чарогоҳҳо, заминҳои обӣ ва заминҳои барои сохтмони бино номуносиб шомил мешаванд. Маълум нест дар Тоҷикистон чӣ қадар манзил зери хати сурх қарор доранд.
Ҳуқуқшинос Дилшод Ҷӯраев дар шарҳи масъала ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи амволи ғайриманқул (хона ё иншооти дигар), ки аз сӯи шаҳрвандон худсарона сохта шудаанд, бар асоси қонуни афви амвол метавонад қонунӣ шавад.
Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, шарти асосӣ ин аст, ки қитъаи замине, ки дар он ҷо манзил сохта шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои кишвар, ҳамчун замини аҳолинишин пешбинӣ шуда бошад. "Яъне, агар шаҳрванд дар қитъаи замини аҳолинишин масалан бе дастрас намудани иҷозатномаи сохтмон манзил бунёд карда бошад, тибқи қонуни афв метавонад онро қонунӣ кунад, ӯро афв мекунанд,” -- афзуд ӯ.
Дар Тоҷикистон солҳост баҳсу нигарониҳо атрофи манзилҳои ба қавли мақомот ғайриқонунӣ бунёдшуда идома дорад. Мақомот мегӯянд, ҳазорҳо сокини кишвар солҳо боз дар хонаҳои бе ҳуҷҷати расмӣ зиндагӣ доранд. Сокинон гуфтаанд, санади манзилашонро аз сӯи ниҳодҳои маҳаллӣ гирифтаанд, вале бо ин вуҷуд ба далели ғайриқонунӣ будани сохтмон дар ҷамоатҳо сабт нашудаанд.
Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи авфи амвол”, охири моҳи июни соли 2021 аз сӯи порлумони Тоҷикистон қабул гардида, муҳлати анҷоми он ду дафъа дароз карда шуд. То анҷоми муҳлати навбатӣ 4 моҳи дигар мондааст.