Русия: Парвандаи Беҳрӯз баъди се сол ба додгоҳ рафт

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Парвандаи як зодаи Тоҷикистонро дар Екатеринбурги Русия баъд аз се соли боздошт ба додгоҳ фиристодаанд. Беҳрӯз Ғаниеви 30-сола ва ду ҳамроҳаш ба терроризм, доштани силоҳ, таҳияи маводи тарканда ва ҷиноятҳои дигар гумонзад ҳастанд. Пайвандонаш иттиҳомро рад мекунанд.