Як мард дар Қирғизистон барои куштани духтари 7-сола зиндонӣ шуд

Додгоҳи ноҳияи Норини Қирғизистон мардеро, ки ба куштани духтари 7-сола муттаҳам мешуд, 12 сол зиндонӣ кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Норини Қирғизистон мардеро, ки ба куштани духтари 7-сола муттаҳам мешуд, 12 сол зиндонӣ кардааст.

Ҳукм 22-юми августи имсол баромад, вале хадамоти матбуотии додгоҳ онро 27-уми сентябр расонаӣ кард.

Ҷониби ҷабрдида аз қарори додгоҳ розӣ нест ва ба зинаи болоӣ шикоят бурдааст. Интизор меравад, додгоҳи вилоятӣ шикоятро ҳафтаи оянда баррасӣ кунад.

Аруукеи 7-сола моҳи апрели имсол дар деҳаи Ортонури Норин кушта шуд. Духтар ҳангоми бозгашт аз мактаб бедарак шуд. Дертар ҷасади ӯро бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дар поёни деҳа ёфтанд.