"Пулис омад, гурехтем." Шикояти муҳоҷирони тоҷик аз амалиёт дар Қазоқистон. САДО. ВИДЕО

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик дар бозорҳои Қазоқистон кор мекунанд

Муҳоҷирони тоҷик аз афзоиши амалиёт ё рейди зидди коргарони хориҷӣ дар Қазоқистон шикоят доранд. Яке аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳабдаҳ сол боз дар Қазоқистон кор мекунад, аммо бори аввал чунин маъракаро мебинад. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, барои пешгирӣ аз қонуншиканӣ амалиёти “Участок” мегузаронанд.

Азамат, яке аз муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон, рӯзи 27-уми сентябр гуфт, масъулони бахши муҳоҷират ҳамроҳи сарбозон ва нерӯҳои амниятӣ дар бозори "Барахолка" муҳоҷиронро бо худ бурданд.

"Сарбозон омаданд, ҳама борашро гузошта гурехт. Ҳуҷҷат дошта бошӣ ҳам, гирифта мебаранд. Аз хавфи рейд камтар ба кор меравем," -- мегӯяд Азамат.

Ин муҳоҷири тоҷик афзуд, худи ӯро ба боздоштгоҳи “Бегалина 101” бурда, қариб як рӯз нигоҳ доштаанд.

Дар аксу наворҳое, ки муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ фиристоданд дида мешавад, ки сарбозони Горди миллии Қазоқистон дар рейди зидди муҳоҷирон ширкат доранд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шикояти муҳоҷирони тоҷик аз амалиёт дар Қазоқистон

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ин амалиёт зидди муҳоҷирати ғайриқонунист, ки дар аввали сентябр оғоз ёфта, қариб 3 ҳазор қонуншиканиро ошкор кард. 64 нафарро аз ин кишвар рондаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Изҳори нигаронии тоҷикон аз амалиёт дар Қазоқистон

Дар хабарномаи бахши муҳоҷирати Қазоқистон аз 14 шаҳрванди Тоҷикистон мисол оварда шудааст, ки "дар сохтмоне ғайриқонунӣ кор мекарданд ва ҳам ҳуҷҷат надоштанд." Дар ду ҳафтаи охир эҳтимол шумораи муҳоҷироне, ки дар Қазоқистон боздошт ё ихроҷ шуданд, бештар шуда бошад.

То ин вақт муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба чунин рейдҳо зиёд рубарӯ мешуданд ва то андозае ба чунин вазъ одат кардаанд. Ҳанӯз аз Қазоқистон чунин хабаре нарасидааст, вале дар тақлид ба Русия, одатан чунин амалиёт ба зӯроварӣ ва фасоду ришвагирӣ мекашонад ва дурустии ҳуҷҷатҳо монеъ шуда наметавонанд.

Инро ҳам бояд гуфт, ки муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон зиёд нестанд, дар атрофи даҳуним ҳазор нафар тахмин зада мешаванд. Аммо Қазоқистон баъди Русия дувумин самти муҳоҷирати кории тоҷикон аст.

Бо афзоиши таъсири таҳримҳои байнулмилалӣ болои Русия ва коҳиши иқтисоди ин кишвар, баъзе аз муҳоҷирони тоҷик ба Қазоқистон рӯ оварданд. Муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон асосан дар бозор ва сохтмонҳо кор мекунанд.

Муҳоҷирон қаблан аз он хушҳол буданд, ки дар муқоиса ба Русия, дар Қазоқистон таъқиби пулис ва бегонаситезӣ камтар аст. Ҳоло мегӯянд, вазъият ба Русия монанд мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Ҳуҷра танг, шароит бад." Тафтишу боздошти муҳоҷирон дар Қазоқистон. ВИДЕОЕлтсини тоҷик дар бозори Алмаато чӣ кор мекунад? ВИДЕО"Гӯшае аз Тоҷикистон". Чӣ гуна Руфия Сафарова дар Қазоқистон муваффақ шуд? ВИДЕОБартарӣ ва мушкилоти зиндагии тоҷикон дар Қазоқистон. ВИДЕО."Инҷо пул кам аст, аммо ғам намедиҳанд." Нақли муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон. ВИДЕО