Ҳоло нархи як халта орд аз 270 то 320 сомонӣ аст. Сабабҳои боло рафтани ордро тоҷирон дар кам шудани воридоти он ва ғалладонагиҳо аз хориҷи кишвар медонанд.
Бино ба ҳамин гузориш, нархи тухм дар як ҳафтаи ахир бетағйир монда, аммо дар қиёс бо соли гузашта 14 дарсад боло рафтааст. Нархи миёнаи гӯшти гӯсфанд, гӯшти гов ва гӯшти мурғ вобаста ба миқдори захиравии онҳо дар бозорҳои истеъмолии шаҳру ноҳияҳо ҳамоно тағирёбанда боқӣ мондаанд. Дар аксар бозорҳои шаҳру ноҳияҳо нархи миёнаи картошка, пиёз ва сабзӣ нисбат ба ҳафтаи гузашта то 3 дарсад боло рафтааст.
Маъмулан, хеле кам иттифоқ меафтад, ки нархи маҳсулоти гароншуда дар Тоҷикистон дубора ба мисли қабл поён равад.
Зимнан, афзоиши нархи маҳсулот дар Тоҷикистон барои мардуми бекору камдаромад ва хонаводаҳои фақир, ки шумораашон кам нест, таъсир дорад.
Дар ин росто, хабарнигорони Радиои Озодӣ аз роҳгузарон дар кӯчаҳои Душанбе пурсиданд, ки мехоҳанд кадом навъи маҳсулот дар бозорҳо арзону дастрас бошад?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад