Беҳрӯз Ғаниеви 30-сола ва ду ҳамроҳаш ба терроризм, доштани силоҳ, таҳияи маводи тарканда ва ҷиноятҳои дигар гумонзад ҳастанд. Пайвандонаш иттиҳомро рад мекунанд. Созмони ҳомии ҳуқуқи “Мемориал” ҳарсеро “маҳбуси сиёсӣ” номидааст.
“Силоҳ гузошта, дастгир карданд”
Файзинисо Ғаниева, модари Беҳрӯз Ғаниев, рӯзи 26-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи нахустини писараш дар Додгоҳи Екатеринбург 5-уми октябр баргузор хоҳад шуд.
Ӯро моҳи апрели соли 2020 ҳамроҳи Артем Ватря ва Гамид Датаев дастгир кардаанд. Мақомоти Русия мегӯянд, аз хонаи онҳо борхалтаи пури силоҳ ёфтанд ва ҳарсе ба терроризму ҷиноятҳои дигар муттаҳаманд. Қонунгузории Русия барои ин солҳои дарози зиндонро пешбинӣ кардааст.
Хонум Ғаниева иттиҳомҳоро сохта медонад, чун иддао дорад, ки “мақомоти интизомии Русия силоҳҳоро дар манзили писарам гузошта, ӯро дастгир карданд”.
“Вайро танҳо як дафъа, моҳи октябри соли гузашта дидам. Баъд аз ҳар се моҳ ё ним сол муҳлати боздошти онҳоро дароз мекунанд. Писарам гуфт, ки дар боздоштгоҳ ба ӯ фишор меоранд ва таҳқир мекунанд,” – нақл кард Файзинисо Ғаниева.
Чаро “маҳбуси сиёсӣ”?
Созмони ҳомии ҳуқуқии “Мемориал” парвандаи ҷиноиро нисбат ба Беҳрӯз Ғаниев, Артем Ватря ва Гамид Датаев “сохта” номида, гуфтааст, “нерӯҳои амниятӣ аз фаъолоне, ки аз ҳаққи мусулмонони маҳаллӣ дифоъ мекарданд” ниқор мегиранд.
Дар гузориши созмон аз моҳи декабри соли 2022 омадааст, Артем Ватря барои ҷалби таваҷҷуҳи расонаҳо ба нақзи густурдаи ҳуқуқи мусалмонон кор мекард. “Мемориал” аз қавли боздоштшудаҳо навиштааст, маъмурони пулис онҳоро барои ба гардан гирифтани гуноҳ шиканҷа кардаанд.
Ин созмон Ғаниев, Ватря ва Датаевро “маҳбуси сиёсӣ” ном бурда, навиштааст: “Ташхис нишон дод, ки дар силоҳу тирдонҳое, ки гуё пинҳон кардаанд, изи даст ё нишонаи дигаре ошкор карда нашуд. Навори мақомот нишон медиҳад, ки онҳо аз тарафи маъмурони пулис дастгир нашудаанд, балки дуздида шудаанд”.
“Гуруснанишинӣ карданд”
Ба нақли пайвандон, Беҳрӯз Ғаниев ва ду ҳамроҳаш соли гузашта дар боздоштгоҳ даст ба гуруснанишинӣ зада, аз мақомот хостаанд, ки сохта будани иттиҳоми зидди онҳоро санҷанд. Мақомоти Русия ба ин талаб вокуниш накардаанд, вале ба гуфтаи наздикон пас аз чанд рӯз Беҳрӯз ва ду ҳамроҳашро аз боздоштгоҳи Сургут ба Екатеринбург бурданд.
Беҳрӯз Ғаниев ҳамроҳи хонаводааш соли 1994 ба Русия кӯчида, шаҳрвандии он кишварро гирифтааст. Модараш аз мақомоти Тоҷикистон ҳам дархости кумак дорад.
Дар консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба Радиои Озодӣ гуфтанд, касе ба онҳо муроҷиат накардааст. “Агар муроҷиат кунанд, ҳатман ба Душанбе мефиристем,” -- гуфт ҳамсуҳбати мо дар консулгарӣ.
Баъд аз соли 2013 хабарҳо дар бораи боздошти чанд зодаи Тоҷикистон ба иттиҳоми терроризму ифротгароӣ расонаӣ шуд. Мақомоти Русия гуфтанд, бархеро ҳангоми амалиёт куштанд. Шубҳаҳо ба боздошту натиҷаи амалиёт кам нест.