"Тоҷикфилм" барои ҷавонон мактаби синаморо фаъол кард. ВИДЕО

Идораи "Тоҷикфилм" мактаби синамогарони ҷавонро дубора фаъол карда, онро ба номи коргардон Муҳаббат Сатторӣ гузоштааст. Дар ин мактаб барои шогирдон нозукиҳои филмноманависӣ, наворбардорӣ ва бандубасти онро меомӯзонанд.

Сарвиноз Ҳоҷиева дар Донишкадаи забонҳо таҳсил мекунад, вале мехоҳад дар оянда филмбардор шавад. Ӯ аз нахустин шогирдони "Мактаби синамосозони ҷавон"-и "Тоҷикфилм" мебошад.

Ин мактаб дар пайи интиқодҳои пайдарпайи роҳбарияти "Тоҷикфилм" аз камбуди филмноманавису коргардонҳои ҳирфаӣ дар Тоҷикистон фаъолияташро аз сар гирифт. Ба гуфтаи Толиб Ғайбуллозода, муовини раиси "Тоҷикфилм" тасмим шудааст, ки барои гиромидошти хотираи Муҳаббат Сатторӣ, коргардони синамои тоҷик мактаб ба номи ӯ гузошта шавад. Муҳаббат Сатторӣ моҳи август дар 56-солагӣ даргузашт.

Таҳсил дар мактаби синамогарони ҷавон шаш моҳ идома ёфта, дар семоҳаи аввал донишомӯзон бештар бо назарияи синамо ошно шуда, сипас дар ду гуруҳ ба таҳияи филмҳо машғул мегарданд. Ба онҳо устодоне мисли Заур Дахте, Тиллои Некқадам, Файзуллои Файз, Соҳибёри Толиб ва дигарон дарс мегӯянд.

Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, дар мактаби синамогарон ба ҷавонҳо бояд аз ихтисосҳое дарс дода шавад, ки барои синамогароии тоҷик заруранд.

Синамои тоҷик солҳост мавриди интиқод аст. Бархеҳо мегӯянд, филмҳое, ки солҳои ахир бардошта мешаванд дархӯри рӯз нестанд. Коргардонҳо баъзе аз ин танқидҳоро қабул доранд, аммо мегӯянд, дар ҳадди тавонашон филм таҳия мекунанд.