Дар ин бора аввал нашрияи The Barents Observer хабар дод. Сипас вакили мудофеи Андрей Медведев боздошти ӯро тасдиқ кард.
Пулиси минтақаи Финмарк ба The Barents Observer гуфтааст, Медведев кӯшиш дошт, ки сарҳадро бо Русия ғайриқонунӣ гузарад.
Брюнюлф Риснес, вакили зархариди собиқ, иддао дорад, ки зерҳимояи ӯ нияти убури марзро надошт: "Ҳангоми дар таксӣ буданаш дастгир карданд. Ӯ маконеро меҷуст, ки моҳи январи имсол тавассути он аз Русия ба Норвегия даромадааст. Ҳеч вақт нияти гузаштани марзи Русияро надошт."
Андрей Медведев дар моҳи январи имсол аз Норвегия паноҳандагии сиёсӣ хост. Худаш мегуфт, "барои убури сарҳад дар Пасвикдален ба ӯ мадад расонданд", аммо мушаххас нагуфт, ки кӣ ва чӣ гуна.
Вай аз 23 то 25-уми январи имсол дар Трандуми Норвегия дар боздошт қарор дошт.