Ин бозии даври аввали мусобиқот шоми имрӯз, 21-уми сентябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 19:00 шуруъ мешавад. Нархи билет барои тамошои бозӣ дар варзишгоҳ 20 сомонӣ муқаррар шудааст.
Тоҳирҷон Муъминов, сармураббии «Равшан», гуфт, ки даста ба марҳалаи гурӯҳии Ҷоми AFC комилан омода аст.
Вай афзуд, “мо танҳо бо як мақсад – пирӯз шудан – ба майдон мебароем. Зеро дар назди даста вазифаи аввалиндараҷа аз гурӯҳ баромада, ба плей-офф роҳ ёфтан аст. Мо барои иҷрои ин вазифа қодир ҳастем. Рақибамон дастаи пурқувват аст. Бозиашро бо дастаи “Хуҷанд” таҳлил карда, ба хулосае омадем, ки метавонем муваффақ шавем. Албатта мо ба дастгирии мухлисонамон ниёз дорем. Умедворам, ки онҳо моро дар варзишгоҳ дастгирӣ карда, ба футболбозон рӯҳи тоза ва илҳому қувват мебахшанд”.
Зимнан, бошгоҳи «Марв»-и Туркманистон бо роҳбарии сармураббӣ Виталий Алекперов 22-юми августи имсол дар бозии плей-оффи Ҷоми AFC-2023/24 дар шаҳри Хуҷанд бошгоҳи «Хуҷанд»-и Тоҷикистонро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуда, ба ҳаққи ширкат дар марҳалаи гурӯҳии мусобиқот даст ёфт.
Футболбозони “Равшан” дар бозӣ муқобили “Марв” бо пероҳани сафед ба майдон меоянд, меҳмонон бошанд, пероҳани зард мепӯшанд.
Ҷоми AFC-2023/24
Минтақаи марказӣ
Гурӯҳи «Е»
«Равшан» (Тоҷикистон)
«Алтин Асир» (Туркманистон)
«Абдиш-Ота» (Қирғизистон)
«Марв» (Туркманистон)
21-уми сентябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 19:00
«Равшан» (Тоҷикистон) – «Марв» (Туркманистон)
Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.
«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
Даври 2-юм
5-уми октябр (панҷшанбе)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Равшан» (Тоҷикистон)
«Марв» (Туркманистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон)
Даври 3-юм
26-уми октябр (панҷшанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон)
«Марв» (Туркманистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
Даври 4-ум
9-уми ноябр (панҷшанбе)
«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Равшан» (Тоҷикистон)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Марв» (Туркманистон)
Даври 5-ум
30-юми ноябр (панҷшанбе)
«Марв» (Туркманистон) – «Равшан» (Тоҷикистон)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Абдиш-Ота» (Қирғизистон)
Даври 6-ум
14-уми декабр (панҷшанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
«Абдиш-Ота» (Қирғизистон) – «Марв» (Туркманистон)