Ба гуфтаи мақомот, ҳодиса рӯзи якшанбеи 17-уми сентябр рух дода, аз рӯи он тафтиш шуруъ шудааст. Лаҳзаи ба об афтодани духтарони ноболиғ дар дурбинҳои назоратӣ сабт гардидааст.
Ин ду духтари ҳабдаҳсоларо, ки ба далелҳои ахлоқӣ ному насабашон гуфта намешавад, Қодир Чориев, як маъмури Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулода дар Панҷакент, аз об берун овардааст. Вай рӯзи 19-уми сентябр гуфт, “вақте ҳодисаро фаҳмидам, зуд ба ҷустуҷӯяшон ба об даромадам. Тақрибан баъд аз ду соати ғарқ гардидан ҷасадҳоро пайдо кардам. Дасти ҳардуяшон ба ҳамдигар баста буд”.
Ин ҳодиса, ба гуфтаи шоҳидон ва аз рӯйи нишондодҳои дурбин, тақрибан нисфирӯзӣ рух дода ва то бегоҳ барои ташхис ба мақомот супорида шудааст. Сабаби ба худкушӣ даст задани онҳо номаълум аст. Наздикон ва ҳамдарсонашон мегӯянд, ҳис накардаанд, ки онҳо бо мушкиле даргиранд.
Акбар Шарифов, сухангӯйи Раёсати Корҳои Дохилии вилояти Суғд, гуфт, “соли таваллуди ҳарду 2006 ва донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент ҳастанд. Дар ҷасадҳо нишонаи марги маҷбурӣ дида нашудааст. Дасти ҳамдигарро бо банди халат баста будаанд. Ҳоло аз рӯйи ин ҳолат тафтишот ҷараён дорад.”
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба иттилои дарёфтӣ, наврасон зодагони деҳаи Шаршараи ҷамоати Чинори Панҷакент будаанд. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мешуд, ки онҳо хоҳарон ё хешони наздик ҳастанд. Як масъули ҷамоат дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми сентябр гуфт, онҳо дар як синф нуҳ сол хонда, якҷо ба Колеҷи педагогӣ дохил шудаанд. Ҳарчанд аз тарафи модарӣ хешони дур буданд, бештар бо ҳам дӯстии наздик доштаанд.
Дар шарҳи ҳодиса гумонҳое ҳадс зада мешуд, ки духтарони наврас мушкили хонаводагӣ доранд ва барои худ роҳи наҷотро ҷустаанд. Ҳамсӯҳбати мо дар идораи ҷамоати Чинор гуфт, “онҳо ягон нома ва аломати дигар нагузоштаанд. Онҳо ба баҳонаи рафтан ба бозор аз хона берун шудаанд ва ин ҳолат рух додааст. Қаблан ба мо дар бораи мушкили хонаводагишон шикоят накарда буданд ва ҳоло синну солашон ба хонадор шудан мувофиқ набуд”.
Чанд ҳамсуҳбати мо аз деҳаи Шаршара дар бораи ин оилаҳо гуфтанд, дар шароити миёна зиндагӣ доштанд ва падари ҳарду духтар ҳам дар муҳоҷирати корӣ буданд. Онҳо рӯзи 18-уми сентябр барои дафни фарзандон омадаанд. Чизе, ки воқеаро асроромез кардааст, дастони бастаи онҳо ва якҷоя дар об ғарқ шуданашон аст.
Ҳар сол дар Тоҷикистон даҳҳо нафар, бештар занону духтарон ба ҷони худ қасд мекунанд. Равоншиносон мушкили иҷтимоӣ, нофаҳмӣ дар оила, фишор ва масъалаҳои номусиро аз сабабҳои ин падида меноманд.