Чанде аз ин ронандагон, рӯзи 18 -уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ҳавои сард ва бе обу хӯрок, ронандагони садҳо мошин дар се таввақуфгоҳи гузаргоҳи марзии Лиозно-Рудня мунтазири иҷозати гузаштан аз сарҳад мебошанд.
Ронандагон дар наворе, ки ба Радиои Озодӣ фиристоданд, мегӯянд, "чор рӯз мешавад гушнаву ташна ҳаминҷо банд мондем. На гузаштан мемонанд ва на чизе барои мо мегӯянд. Ҳатто сабабашро намегӯянд ва намефаҳмонанд, ки бояд чӣ кор кунем. Хоҳиш мекунем ягон чора дида шавад. Қариб ҳазор мошин инҷо мунтазир аст. Мағозаи хӯрокворӣ аз сарҳад 20 километр дуртар аст.”
Ба қавли мусоҳибони Радиои Озодӣ, марзбонон бо онҳо гуфтаанд, ки тибқи “фармон аз боло” танҳо шаҳрвандони Русияву Беларус иҷозати гузаштан аз марзро доранд. Барои шаҳрвандони давлатҳои сеюм чунин иҷозат нест.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Беларус 18-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, субҳи имрӯз ронандагони бандмондаи тоҷик ба онҳо муроҷиат карданд ва намояндагӣ талош дорад масъаларо аниқ кунад. "Танҳо имрӯз оиди масъала огоҳ шудаанд ва ҳоло аз пайи кӯмак ба ронандагони тоҷик ҳастанд,"-гуфт масъули Сафорат.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар посухи катбӣ ба дархости Радиои Озодӣ оиди мушкили ронандагони тоҷик навишт, инҳо муҳоҷирони меҳнатӣ набуда, балки онҳое ҳастанд, ки ба тиҷорати нақлиёти сабукрав машғул ҳастанд.
"Яъне онҳо аз Литва нақлиётро харидорӣ намуда, ба мақсади тиҷорат мехоҳанд ба Русия ва ё Тоҷикистон интиқол диҳанд. Шахсони мазкур мехоҳанд тариқи нуқтаи назоратӣ-гузаргоҳии автомобилӣ, ки барои шаҳрвандони Русияву Беларус пешбинӣ шудааст, гузаранд.Онҳо бояд на тариқи нуқтаи назоратӣ- гузаргоҳи мазкур, балки тариқи нуқтаи назоратӣ-гузаргоҳи байналмилалӣ, ки 300 км дуртар аст, яъне нуқтаи назоратӣ-гузаргоҳии Псков гузаранд,”-навиштааст Сафорати Тоҷикистон дар Маскав.
Баъзе аз ронандагони дармонда мегӯянд, онҳо тоҷир нестанд ва танҳо мехоҳанд мошини барои худашон харидаро ба Тоҷикистон баранд. Мошинҳои куҳна асосан аз кишварҳои Балтик ба воситаи Беларус ба Тоҷикистон оварда мешаванд.
Ба гуфтаи Сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар баробари шаҳрвандони Тоҷикистон, зодагони давлатҳои дигар низ дар гузаргоҳи марзӣ дармондаанд ва давоми рӯз ба онҳо иҷозати убур дода мешавад.
Дармондани ронандагони Тоҷикистон дар марзи Беларус ва Русия дар ҳолест, ки рӯзи 16 сентябр Лаҳистон вуруди мошинҳои дорои рақамҳои русиро пас аз нашри тавсияҳои дахлдори Комиссияи Аврупо манъ кард. Пеш аз ин Литва, Латвия, Эстония ва Финландия вуруди мошинҳо бо рақамҳои русиро манъ карда буданд.