Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, аз таҳдиди гурӯҳҳои террористӣ аз хоки Афғонистон гуфт.
Раҳбарони Қирғизистону Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон аз мушкилҳои дигари минтақа ба мисли обу иқтисод гуфтанд ва бо тарзи худ роҳҳои ҳал пешниҳод намуданд.
Созмону кишварҳои ғарбӣ панҷ кишвари Осиёи Марказиро пайваста ба инҳисори қудрат, фасоди густарда ва нақзи ҳуқуқи одамону саркӯби мухолифон танқид мекунанд. Дар нишасти Душанбе ягон ҳарф дар бораи риояи ҳуқуқи одамон садо надод.
Бархе ин нишастро кӯшиш барои ташкили як иттиҳоди минтақаӣ донистанд. Гуруҳе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон гуфтанд, дар нишаст раҳбарони Осиёи Марказӣ бештар худро таблиғ мекарданд.
Алим Шерзамонов, як намояндаи мухолифон, рӯзи 15-уми сентябр гуфт: “Ангезаи ягонаи чунин нишастҳо таблиғи дохилии ҳар яке аз ин худкомаҳо дар кишварашон аст. Ба ҷуз ин, ба миллату мардуми ин кишварҳо заррае фоида намерасад. Аз чунин нишастҳо интизорие надорам.”
Шарофиддин Гадоев, намояндаи дигари мухолифон, бовар дорад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз нигоҳи сиёсӣ ва иқтисодӣ вобастаи Чину Русия ҳастанд ва мустақилона тасмим гирифтани онҳо сахт аст.
Нашри як изҳороту ду созишнома ва ду санади дигар ҳосили гуфтугӯи раҳбарони Осиёи Марказӣ ва ҳайатҳои ҳамроҳи он будааст. Вале маълум нест, ба мавзеъгирии онҳо дар масоили дохилӣ, минтақаӣ ва байнулмилалӣ то куҷо таъсир хоҳад дошт.
"Натиҷа пас аз суҳбати раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷо Байден, президенти Амрико, дар ҳафтаи оянда маълум хоҳад шуд,” -- хулоса кард шореҳи сиёсӣ Хурсанд Хуррамов.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад