Додситон ҳамчунин хостааст, дороии Боронбоев мусодира карда шавад. Ин тоҷири маъруфи қазоқ ба "Мусоидат ба содир намудани ҷиноят", "Тасдиқ ё тасарруфи амвол ба миқдори махсусан калон" ва "Қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ба миқдори махсусан калон" муттаҳам мешавад.
Барои гумонбарони дигари парванда Роман Наханов ва Тойир Жанузак 6 ва 5 соли зиндон талаб шудааст.
Оҷонси назорати молии Қазоқистон рӯзи 17-уми марти имсол хабар дод, ки Кайрат Боронбоев ба гумони "ғорати маблағҳои бахши давлатӣ" дастгир карда шуд. Додгоҳ ӯро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.
Боронбоев тоҷири маъруфи қазоқ аст, ки намояндагии McDonald's-ро дар Қазоқистон роҳбарӣ мекунад. Ӯ дар гузашта дар бахши гази кишвар фаъолият мекард ва духтараш ҳамсари набераи Назарбоев -- Ойсултон Назарбоев буд.