Интизор меравад, президенти Амрико Ҷо Байден баъди ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ бо ҳамтои украинии худ Владимир Зеленский дар Кохи Cафед мулоқот кунад.
Дар ин бора мақомҳои расмии ИМА ба [абаргузории "Reuters" иттилоъ додаанд.
Ахиран сафири Исроил дар Украина Михаэл Бродский гуфт, сарвазири кишвараш Бенямин Натаняҳу рӯзҳои наздик бо Зеленский дар шаҳри Ню-Йорк мулоқот мекунад.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки эҳтимол президенти Русия моҳи сентябр барои ироаи "формулаи сулҳ"-и худ дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ ба Ню-Йорк биравад.
Ин ҷаласа ҳафтаи оянда баргузор мешавад.