Додгоҳе дар Шарқи Дури Русия як пайрави 71-солаи "Шоҳидони Яҳво"-ро ба чаҳор сол зиндон маҳкум кард.
Ҳукм рӯзи 13-уми сентябри имсол баромад.
Владимир Балабкин, ки мубталои бемории саратон аст, ба ташкили фаъолияти созмони мамнуъ гунаҳкор шуд.
Тафтишот алайҳи ӯ моҳи марти соли 2021 оғоз ёфта буд.
Русия дар соли 2017 созмони масеҳии "Шоҳидони Яҳво"-ро мамнуъ ва онро гуруҳи ифротӣ эълон кард.
Нозирони ҳуқуқи башар ва кишварҳои ғарбӣ Русияро ҳамвора ба саркӯби ақаллиятҳои мазҳабӣ сарзаниш мекунанд.