"Вақте мебинед, ки ҳамкориҳо афзоиш меёбанд ва эҳтимоли интиқоли таҷҳизоти низомӣ вуҷуд дорад, ин ташвишовар ва нақзкунандаи қатъномаҳои зиёди Шӯрои амнияти СММ аст", - гуфтааст сухангӯи вазорат Мэтю Миллер. .
Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, 13-уми сентябр баъд аз мулоқоти 4-соатӣ бо Путин пуштибонии комил ва бидуни қайду шарти кишварашро аз манфиатҳои Русия эълон кард. Вай муносибатро бо Русия аз авлавиятҳои сиёсати давлаташ номид.
Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров 13-уми сентябр хабар дод, ки Маскав ва Пекин аз таҳрими Кореяи Шимолӣ даст мекашанд.
Таҳримҳо алайҳи Кореяи Шимолиро Шӯрои амнияти Созмони Милал, ки Русия ва Чин узви доимии он ҳастанд, барои рушди барномаҳои ҳастаӣ ва мушакӣ ҷорӣ кардааст.