Рустам Ҷабборовро бо Ҳабибулло Абдуқодир чӣ мепайвандад?

Рустам Ҷабборов (чап) ва дӯсташ Достон Эрмекбой уулу

Таҳқиқи якҷояи OCCRP, Temirov Live ва Kloop нишон дод, ки рафиқони Рустам Ҷабборов (Жапаров), писари президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров), соҳиби ширкатҳои гуногун ва масъули тарҳҳои бузурги иқтисодӣ ҳастанд.

Ин доира соҳибкори ҷанҷолии чинӣ Ҳабибулло Абдуқодирро ҳам дар бар мегирад. Вай молики як шабакаи пинҳонии боркашонӣ дар Осиёи Марказист.

АРГЕН ВА ДОСТОН

Дар таҳқиқи якҷояи се расона гуфта шудааст, ки Арген Қодирбеков ва Достон Эрмекбой уулу – дӯстони Рустам Ҷабборов (Жапаров), писари президент Содир Ҷабборов (Жапаров) – ҳамкорони тиҷоратии Ҳабибулло Абдуқодир дар Қирғизистон ҳастанд.

Ба қавли рӯзноманигор Болот Темиров, мудири шабакаи Temirov Live, "Достон Эрмекбой уулу чаҳор ширкат дорад. Арген Қодирбеков соҳиби як ширкат аст. Гуфтан мумкин аст, ки дӯстони Рустам Ҷабборов (Жапаров) имсол шарикони тиҷоратии Ҳабибулло Абдуқодир шудаанд."

"Таҳқиқ нишон дод, ки Рустам Ҷабборов (Жапаров) барои ҷалби дӯстонаш ба тарҳҳои бузург аз қудрати падараш истифода мекунад," -- илова кард ӯ.

Тӯйи Арген Қодирбеков

Арген Қодирбеков муассиси ширкати "Мега Констракт" аст.

Ширкати "Бишкек Констракшн и Девелопмент", ки якҷоя бо "Мега Констракт", "Репал" ва Hyper Partners таъсис ёфтааст, дар Бишкек масҷиди "Ийман Борбору" ва маҷмааи "Бишкек Сити Центр"-ро месозанд. Hyper Partners ба соҳибкори маъруф Ҳабибулло Абдуқодир тааллуқ дорад.

Бар асоси таҳқиқот, Достон Эрмекбой уулу, дӯсти дигари писари президенти Қирғизистон, молики ду ширкати муштарак бо "Tashkent Trade Center" аст. "Tashkent Trade Center" низ ба Ҳабибулло Абдуқодир марбут аст.

Таҳқиқгарон муайян кардаанд, ки ширкати "Инвест Трейд", ки аз тарафи Достон Эрмекбой уулу ва Ҳабибулло Абдуқодир якҷоя созмон ёфтааст, дар наздикии гузаргоҳи "Иркештам" дар сарҳади Қирғизистон ва Чин 96 гектар заминро ба иҷора гирифта.

ХАРҶ Ё ҶАЛБИ САРМОЯ?

Рӯзноманигорон аксҳоеро ёфтаанд, ки дӯстии Арген Қодирбеков ва Достон Эрмекбой уулуро бо Рустам Ҷабборов (Жапаров) нишон медиҳад. Онҳо дар маъракаҳои хурсандӣ ва истироҳат канори ҳамдигар тасвир ёфтаанд.

Илова ба ин, манзиле, ки дар он ширкати "Мега Констракт" номнавис шудааст, пештар ба наздикони президенти Қирғизистон тааллуқ дошт. Ҳоло ба исми ҳамсари Арген Қодирбеков сабт шудааст.

Бино бар таҳқиқот Достон Эрмекбой уулу дар солҳои 2020-2021 дар Ситоди интихоботии Содир Ҷабборов (Жапаров) кор кардааст.

Ҳангоми таҳияи таҳқиқот Арген Қодирбеков ва Достон Эрмекбай уулу ба суоли рӯзноманигорон посух надоданд.

Эрбол Султонбоев, котиби матбуотии президенти Қирғизистон, Ҳабибулло Абдуқодирро сармоягузори калон номидааст. Ӯ гуфт: "Қирғизистон фаъолона ҷалби сармояро идома медиҳад. Ба ин, натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Қирғизистон дар 2,5 соли охир гувоҳанд."

Содир Ҷабборов (Жапаров) ҳам гуфтааст, соҳибкор Ҳабибулло Абдуқодир ба Қирғизистон сармояи зиёд меорад ва ба зидди ӯ ҳеч парванда нест. Вай таҳқиқоти расонаҳоеро ба мисли Kloop танқид карда, барои кишвар "бефоида" номида буд.

Рустам Ҷабборов (Жапаров) мансаби давлатӣ надорад. Падараш қаблан дар ҷавоб ба таҳқиқоти нашрияи "ПолитКлиника" гуфта буд, ки писараш ба ҷалби сармоягузорон ба кишвар машғул аст.

"Ҳоло Рустам ба ҷустуҷӯ ва ҷалби сармоягузорон машғул аст. Онҳо ба ӯ бовар мекунанд. Хабар дорам, ки аллакай ба иҷрои баъзе аз лоиҳаҳо сар кардаанд. Агар шумо низ қудрати ҷалби сармояро ба кишвар доред, пас, ҳамлаҳоро бас кунед ва дар ин самт кор кунед," -- гуфт президент Содир Ҷабборов (Жапаров) дар мусоҳиба бо расонаи давлатии “Кабар”.

Ойбек Тенизбоев, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, мегӯяд, президенти Қирғизистон бояд ба иддаои даст доштани хешовандонаш дар корҳои шубҳаовар вокуниш карда, ҳақиқатро ба мардум гӯяд.

Вай афзуд: "Сабаби истеъфои президентҳои пешини Қирғизистон ба сиёсат ҷалб кардани наздиконашон буд. Қирғизистониҳо ба чунин падида ҳассосанд. Бо назардошти ҳамаи ин, такрори воқеаҳои гузашта, аламовар аст."

Ҳабибуллло Абдуқодир, тоҷири ҷанҷолии чинӣ ва Рустам Ҷабборов (Жапаров), писари раисҷумҳури Қирғизистон, дар бораи таҳқиқот вокуниш накарданд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ низ барои шарҳ ба маъмурияти президенти Қирғизистон муроҷиат кард, вале то ҳол посух нагирифт.

СХЕМА

Мавзӯи дигари таҳқиқот муносибати хонаводагии Ҳабибулло Абдуқодир бо Райимбек Матраимов, муовини собиқи раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон, аст. Аввалӣ ба эҷоди схемаи коррупсионӣ дар гумруки Қирғизистон иқрор шуда, дувумӣ молики як империяи пинҳонии боркашонӣ дар Осиёи Миёна номбар мешавад.

Таҳқиқи якҷояи OCCRP, Kloop, "Власт" ва Temirov Live муайян карда, ки писари Райимбек Матраимов ва духтари Ҳабибулло Абдуқодир издивоҷ кардаанд. Баъзе аз расонаҳо пештар хабар дода буданд, ки тӯй дар моҳи ноябри соли 2021 дар меҳмонхонаи "Шератон"-и Бишкек гузашт. Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, дар тӯй телефони меҳмонҳоро гирифта, монеи наворгирӣ шуданд.

Ба таҳқиқгарон муяссар шудааст, ки видеоҳоро аз маросими гусели арӯс дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо кунанд. Ҳамин тариқ, онҳо ба хулосае омаданд, ки Райимбек Матраимов ва Ҳабибулло Абдуқодирро на танҳо тиҷоратҳои шубҳаовар, балки муносибати хешутаборӣ ба ҳам мепайвандад.

Содир Ҷабборов (Жапаров), ки пас аз ҳодисаҳои октябри соли 2020 ба қудрат расид, ваъда дода буд, ки Райимбек Матраимовро дастгир хоҳад кард. Дертар Матраимов дастгир шуд ва дар додгоҳ иқрор кард, ки дар Хадамоти гумрук як сохтори фасоди молӣ эҷод карда буд, вале бо пардохти 2 миллиард сом аз ҷазо озод шуд.