Сабаби амалиёти давомдор ба зидди муҳоҷирон чист?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳар рӯз дар бораи амалиёти зидди муҳоҷирон дар Русия гузориш мерасад. Мақомот гуфтаанд, ки ҳуҷҷати коргарони хориҷӣ ва дурустии будубоши онҳоро месанҷанд. Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, баръакс, маъмурони интизомӣ онҳоро ба артиши Русия даъват мекунанд. Аз Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, пурсидем, ки сабаби баргузории амалиёти давомдор чист ва муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла тоҷикон, бояд чӣ кор кунанд.