Азиза Ҳайдарова рӯзи 12-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро баъд аз пардохти "ҷуброни зарар" бар асоси қонуни афв раҳо карданд. Додситонӣ ва Сарраёсати зиндонҳо то ҳанӯз қазияро шарҳ надодаанд.
Хонум Ҳайдарова мегӯяд, ҳафтаи гузашта аз маҳбас ба хона баргашт ва аз вазъи саломатӣ шикоят надорад: "Аз баҳри як манзили баҳсӣ, ки сабаби боздошт шуданам гардида буд, гузаштам."
"Талаби даъвогарро қонеъ кардам. Ҳарчанд хонаро модарам бо пуле харида буд, ки дар муҳоҷират ба даст овардааст, ба даъвогарон додам. Пас аз он нисбат ба ман қонуни афв татбиқ карда шуд. Ҳоло дар Хуҷанд ҳастам," -- афзуд Ҳайдарова.
Ин котибаи додраси собиқ, ки боздошту зиндонӣ шуданаш сарусадои зиёд ба миён овард, ҳоло намехоҳад дар ин мавзуъ зиёд гап занад. Аз ҷумла, маълум нест, чаро дар замони тафтиши қазия аз баҳри хона нагузашт, аммо баъд аз чанд муддати ҳабс ба тақдимаш розӣ шуд.
Пештар Барно Ҳайдарова, модари Азиза Ҳайдарова, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки духтарашро маҷбур кардаанд ба зидди Рустам Саидаҳмадзода, додраси пешини Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, баёнот диҳад ва "баҳси хона танҳо баҳона аст".
Азиза Ҳайдарова дар ин бора суҳбат накард. Танҳо ҳаминро гуфт, ки "то замони интиқол ба маҳбаси Норак дар боздоштгоҳ фишори зиёд меоварданд, ки ба хости муфаттиш ҳарф занам."
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар моҳи январи имсол Азиза Ҳайдароваи 25-соларо даҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Ӯро ба қаллобӣ, исрофкорӣ ва сохтакории далелҳо гунаҳкор донистанд, ҳарчанд худашу наздиконаш иттиҳомҳоро борҳо рад намуданд.
Рустам Саидаҳмадзода, додраси пешини Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо "ҳукмҳои сафед" маъруф буд, моҳи апрели имсол ба 6,5 сол зиндон маҳкум шуд. Дертар Додгоҳи олӣ аз ин ҳукм якуним солашро кам кард.