Одатан дар чунин ҳолат бештари афрод баъди бенатиҷа анҷом ёфтани ҷустуҷӯ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунанд. Пайдо кардани моли гумшуда дар байни андуҳи бузурги одамон кори осон нест.
Ҳоло ҳолатеро тасаввур намоед, ки фаразан, чизеро дар яке аз кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон гум ё фаромӯш кардаед. Сарфи назар аз он ки моли гумшуда чӣ қимате дорад, пайдо кардани он бароятон муҳим аст. Дар байни теъдоди зиёде одамон, ки аксаран ношиносанд, нақлиёти бешумор, ки аксаран бо суръати баланд мегузаранд, чӣ коре карда метавонед?
Ҳолатҳое, ки одамон моли гумшудаашонро пайдо намекунанд ва билохира, онро ба фаромӯшӣ месупоранд, кам нестанд. Инчунин ҳолатҳое, ки ҳамон моли гумшударо афроди дилсӯз пайдо намудаанду ба ҳар восита мехоҳанд ба соҳибаш баргардонанд, хеле зиёданд. Агар молатонро касе бурд, ки аслан, парвое аз ҳолу ҳавои шумо надорад ва ҳеч тасаввур намекунад, ки он лаҳза чӣ вазъе доред, бисёр сахт аст.
Ин сахтиро замоне дарк намудам, ки як ҳафта барои пайдо намудани моли гумшудаам орому қарор надоштам.
Мухтасари қисса ин аст, ки субҳи 22-юми августи имсол дар нақлиёти хусусии мусофиркашонӣ ва дар роҳ ба сӯйи коргоҳ як ҷузвдони пур аз техникаву таҷҳизоти кориро фаромӯш кардам. Ҳамроҳам набудани ҷузвдонро замоне фаҳмидам, ки аллакай дохили коргоҳ будам. Вазъи онлаҳзаинаамро танҳо касе метавонад дарку тасаввур кунад, ки айнан мисли ман як моли арзишмандро аз даст додааст.
Ноумедӣ, хаёлҳои парешон, фишори сахти равонӣ... чизҳое, ки он лаҳза фаро гирифтаву пахш мекард. Ҷустуҷӯи мусофирбар дар миёни анбӯҳи нақлиёти Душанбе, ҳамон тавре ки интизор мерафт, сарфи беҳудаи вақт буд.
Бо ёрии масъулони “Шаҳри бехатар” дар фурсати кӯтоҳтарин нақлиёте, ки дохилаш ҷузвдонро фаромӯш кардаам, муайян карда шуд. Ронандаро ҳам ёфтанд. Бо вуҷуди зориву тавалло ва ваъдаи мукофот, мегуфт, дохили мошинааш чизе намондааст, ҳарчанд эътироф мекард, ки дарвоқеъ, субҳ маро то наздикии коргоҳ расонд. Он рӯз бенатиҷа гузашт. Рӯзи дигар ҳам айни ҳолат буд ва илоҷе ба ҷуз аз муроҷиат ба мақомот намонд...
Дар РВКД шаҳри Душанбе аризаамро қабул карданд. Дар Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД ваъда доданд, ки ба зудӣ пайи баррасӣ мешаванд.
Рӯзи сеюми гумшавии ҷузвдон корманди РКҶ ВКД тамос гирифту кӯтоҳ дар бораи ҷустуҷӯи хатсайр, пайдо намудани шахси гумонбар ва эҳтимоли дар куҷо будани ҷузвдонам хабар дод. Эътимодам қавӣ шуд, ки ҷузвдонро пайдо мекунанд. Танҳо чизе, ки хотирамро мушавваш мекард, ин буд, ки оё техникаву таҷҳизоти дохилаш беосеб бошанд?
Он рӯз ҳамин тавр гузашт. Рӯзҳои дигар ҳам. Корманди РКҶ дар баробари ин ки аризаи дигар шаҳрвандонро баррасӣ мекарду ба тамринҳо мерафт ва ҳам саломатияш чанде нохуб шуд, ҳар рӯз аз наздикшавии он фурсате хабар медод, ки ҷузвдонамро пайдо мекунанд.
Ниҳоят, 29-уми август занг заду гуфт, ба Раёсат равам. Рафтам. Аз ҳар тараф суҳбат буд, аммо на аз ҷузвдони гумшуда. Ин ҳолат ҳаяҷонбарангез буд. Ба назарам намуд, ки шояд ин ҳама талошу парешониҳоямро дарк карда, хостаанд бароям “сюрприз” кунанд. Андешаам дуруст баромад. Чун вориди утоқ шудам, шахсе, ки даъват карда буд, аз ҷой боло шуду ҷузвдон дар даст пурсид, “ҳамин аст?”
- Ҳа, ҳамин...
Акнун муҳим беосеб будани техникаву таҷҳизоти дохилаш аст. Ҳамаро аз назар гузарондам. Чизе беҷо нашудааст.
Маълум шуд, ки ҷузвдонро дар ноҳияи Файзобод пайдо кардаанд. Шарҳи инро ки чӣ гуна ба он ҷо бурдаанд, кӣ бурдааст, гумонбар куҷост... напурсидам. Навиштам, ки “ба гумонбар даъво надорам”...