Дар калонтарин хоҷагиҳои ангурпарварӣ бештари токҳои ангур аз сардиҳои зимистони соли гузашта хушкидаанд. Кишоварзон мегӯянд, барои ҳамин имсол ангур дар бозор камчин ва нархаш ҳам чанд баробар боло рафт.
Ба гуфтаи ангурпарварон, аз решаи дарахтони аз сардӣ хушкида парбехҳои нав сабзидаанд, вале ҳосили хуби ангур танҳо баъд аз чанд соли парвариши ин ниҳолҳо ба даст меояд.
Нархи ангури "Шоҳона"-и панҷоҳ сомонӣ барои як килограмм, хабарнигорони Радиои Озодиро водор кард, ки барои рӯшанӣ андохтан ба мавзӯъ озими шаҳри Турсунзода шаванд. Водии Ҳисор, ки шаҳри Турсунзода ҳам дар он ҷойгир шудааст, аз минтақаҳои асосии ангурпарварӣ дар Тоҷикистон аст. Солҳои гузашта дар канори ин ҷода аз Душанбе то шаҳри Турсунзода фурӯшандаҳои зиёде ангур мефурухтанд. Аммо ҳоло фурӯши ангур дар ин ҷо аҳёнан ба назар мерасид ва он ҳам танҳо навъҳои "Тойифӣ" ва "Киш-миш", ки бештар дар кӯҳдоман парвариш мешаванд.
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон”, ки ҳамасола меҳмонони олиқадри Тоҷикистон барои тамошои ангур ба онҷо мераванд, имсол ниҳолҳо хушкидаанд. Маҳмадамин Камолов, раиси хоҷагӣ мегӯяд, якбора боло рафтани нархи ангур ҳам натиҷаи сардиҳои зимистони гузашта аст. Ба гуфтаи Камолов, токи ангур то 16 дараҷа сардиро таҳаммул мекунад, вале зимистони гузашта ҳаво то 27 дараҷаи зери сифр расид.
"Зиёда аз навад дарсади токҳои ангурзорҳои мо талаф ёфтанд,"-мегӯяд раиси хоҷагии “Боғи Сомон”.
Мушоҳидаи токзорҳои ин хоҷагии деҳқонӣ ва ангурпарварони дигар баёнгари он буд, ки тани ниҳолҳои бисёрсолаи ангур хушкидаву аз зери онҳо парбеха ва ҷавонаҳо ба сабзиш даромадаанд. Алишер Сугунов, иқтисоддони ангурпарвар мегӯяд, ки ҳосили хуби ин ниҳолҳоро танҳо баъд аз се сол метавон интизор шуд:
Ба гуфтаи ин мутахассис, “солҳои гузашта аз як гектар токзор 20-25 тонна ҳосили ангур мегирифтем. Имсол бошад аслан ҳосиле нест. Соли оянда агар навдаҳои навро хунук назада бошад, 15-20 ғушша ангур мебандад. Соли аввал ҳосили зиёд намедиҳанд нишолҳои нав. Ҳосили бисттоннагии ангур аз ниҳолҳои ҳашт-даҳсола мешавад.”
Ба иттилои бахши кишоварзии ҳукумати шаҳри Турсунзода, ҳамасола дар ин минтақа аз ҳудуди севуним ҳазор гектар токзор, беш аз ҳафтод ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ мешуд. Қисми бузурги ин ҳосил ба Русияву Қазоқистон содирот шуда, боиси фоидаи кишоварзону тоҷирон мегашт. Имсол бошад ҳосили андаки ангур танҳо аз заминҳои наздиҳавлигии сокинон ба даст омадааст, ки пешниҳоди бозор мешавад ва ба далели камии он нархи ангур бамаротиб боло рафтааст.
Маҳмадамин Камолов, раиси хоҷагии “Боғи Сомон” мегӯяд, солҳои пеш дар кӯчаҳои Турсунзода як кило ангур бо нархи аз як то ду сомонӣ пешниҳоди харидорон мешуд. Ҳоло бошад ҳатто нархи ангури навъи “Тойифӣ” аз 15 сомонӣ сар мешавад. Ин иқтисоддон гуфт, ки вазъи токзорҳои на танҳо дар Тоҷикистон ба ин ҳол аст, балкӣ сардиҳои зимистон ба ангурбоғҳои кишварҳои ҳамсояи Узбекистону Қирғизистон низ таъсири ҳамсон расонидааст.
Марзия Орифова, сокини шаҳри Бухоро, ки дар шаҳри Турсунзода бо мо суҳбат мекард гуфт, дар ҷойи зисти ӯ ҳам ангур камчин шудааст. “Дар Бухоро як килограмм ангур аз бист сомонӣ сар мешавад. Дар шумо арзонтар.”
Як мевафурӯши сарироҳӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки соли гузашта нархи як килограм ангур се сомонӣ буд, аммо ҳоло ба бист сомонӣ расидааст.
Ба иттилои ин кишоварзон айни чунин вазъият бо ниҳолҳои анору анҷир низ мушоҳида мешавад ва болоравии бамаротиби нархи анор, меваи тирамоҳӣ дар бозорҳои Тоҷикистон далели ин гуфтаҳо мебошад.
Моҳи январ Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаро сардиҳои шадид фаро гирифт ва тақрибан ду ҳафта идома кард. Ин сардиҳо ҳадди ақал дар 15 соли ахир бесобиқа гуфта мешавад. Чунин вазъ ба бахши комуналию дастрасӣ ба об ва кишоварзону тоҷирон таъсири манфӣ гузошт.