Додситони кулли Тоҷикистон (Прокурори генералӣ) ба хабари Радиои Озодӣ дар бораи марги яке аз гумонбарон ба рабудану куштани бонкдори тоҷик Шӯҳрат Исматуллоев вокуниш кард.
Се манбаъ рӯзи 3-юми сентябри имсол хабар доданд, ки Акбар Аҳмадов (Ахмедов) дар як боздоштгоҳи шаҳри Душанбе ба таври шубҳабарангез фавтид.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 5-уми сентябр дар раддияе ба Радиои Озодӣ навишт, ки Акбар Аҳмадов (Ахмедов) бар асоси парвандаи ҷиноӣ дастгир ва ба ҳабс гирифта шуда, "дар тавқифгоҳи тафтишотӣ қарор дорад".
Вай афзуда, ки хабари Радиои Озодӣ “саҳеҳ ва бо далелҳои боэътимод асоснок нашуда, маълумоти нодуруст дар хусуси фавти ӯ... дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба табъ расидааст.”
Додситони кул мегӯяд, бо нашри ин хабар “манфиати давлат, ҳуқуқи озодиҳо, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрвандон вайрон гардид”.
Манбаъҳои Радиои Озодӣ рӯзи 5-уми сентябр пойфишорӣ карданд, ки иттилои онҳо дар бораи марги Акбар Аҳмадов (Ахмедов) дуруст аст. Гузашта аз ин, Аҳмадов, ҳамон тавр ки мақомот дар гузашта таҷрибаашро доштанд, то ҳанӯз тавассути шабакаҳои давлатӣ дида нашудааст.
Радиои Озодӣ ба воситаи манбаъҳои дигараш таҳқиқи мавзуъро идома медиҳад. Дар сурати ба даст омадани иттилоъ ва далелҳои бештар хабарро такмил мекунем.
Мақомоти Тоҷикистон Акбар Аҳмадовро узви гуруҳе медонанд, ки рӯзи 23-юми июни имсол Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк”-ро рабуда, дар яке деҳаҳои ноҳияи Варзоб ба қатл расонидаанд. Қазияи вобаста ба бонкдори наздик ба хонаводаи президенти Тоҷикистон сарусадои зиёде ба бор овард.
Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Акбар Аҳмадов ба Русия фирор карда, таҳти пайгарди ҷиноӣ буд ва аввали моҳи август, баъди боздошти модараш, ба мақомот дар Тоҷикистон таслим шуд.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар раддияаш ба Радиои Озодӣ рӯзи 5-уми сентябр хабари боздошти модари Акбар Аҳмадовро низ бепоя донистааст.
Акбар Аҳмадови 36-сола ва соҳиби 6 фарзанд, то замони рабудани Шӯҳрат Исматуллоев ҳамчун мутахассиси компютер фаъолият доштааст.