Бо кам шудани маблағ акнун онҳо дар фикри ҷустуҷӯи манбаъҳои даромади иловагӣ ва ё бештар кардани соатҳои корияшон шудаанд.
Расман, ҳоло дар Тоҷикистон ҳазор рубли русӣ бо 113 сомонию чил дирам иваз мешавад, ки дар қиёс ба се моҳи пеш ба маротиб поинтар аст.
Бахтибек Усмонов, муҳоҷири қирғиз мегӯяд, аз поин рафтани қурби рубл нигарон аст. Ӯ мегӯяд, дар ватан аз бонк қарздор аст ва ҳар моҳ барои қарзи ипотекияш бояд 75 ҳазор сум, муодили 850 доллари амрикоӣ супорад.
“Ман ба наздикӣ қарзи моҳи августамро пардохт кардам. Аммо чанд рӯз баъд, аллакай барои моҳи сентябр пул фиристодан даркор аст. Хеле хавотирам. Чун 75 ҳазор рубле, ки мефиристам, қарзро намепӯшонад. Агар ин маблағро ба сом табдил диҳем, хеле кам мешавад. Шояд интизор шавем, ки қурби рубл боло равад? Хуб мешуд, ки қурб ақаллан як ба як мебуд,”—гуфт ӯ.
Бахтибек дар Маскав ҳамчун ронандаи таксӣ кор мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳоло маҷбур аст, барои пардохтани қарзаш 12 соат кор кунад. Таксирониро ӯ кори осон намедонад: “Вақте ман монда мешавам ва хобам меояд, рӯямро бо оби хунук мушӯяму ба корам идома медиҳам. Дар акси ҳол, наметавонам пули қарзамро пардохт кунам. Ҳайрон мондаам, шояд дар як рӯз то 15 соат кор хоҳам кард. Ва ё дар сохтумоне ба кор даромадаву иловатан таксиронӣ хоҳам кард. Агар рубл ҳамин тавр афтидан гирад, ҳоламон бадтар мешавад.”
Аз назари Бахтибек, сабабгори беқурбшавии рубл, ҷанги Русия бо Украина мебошад.
Расул Тулеев, иқтисодшинос аз Бишкек бо Бахтибек ҳамфикр аст, вале ба тахмини ӯ, дар арзон шудани қурби рубл пеш аз ҳама худи мақомдорони рус манфиатдоранд. "Қурби пасти рубл барои содироти маҳсулоти Русия судманд аст. Масалан, агар дар Русия ягон мол 100 рубл бошад, дар дигар кишварҳо, фарз кардем, дар Қирғизистон, он на 100 рубл, балки 85-88 сом нархгузорӣ мешавад. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ҳукумати Русия дидаву дониста чунин сиёсати пулию қарзиро пеш мебарад,”—гуфт иқтисодшиноси қирғиз.
Бахтибек умедвор аст, ки дар рӯзҳои наздик арзиши рубл ҳадди аққал ба нишондоди як моҳи пеш, ки тақрибан 1 сом буд, бармегардад. Ба пешбинии коршиносон, чунин тағийротро дар ояндаи наздик интизор будан нашояд. Расул Тулеев гуфт: "Эҳтимолан қурби рубл нисбат ба сом пас аз як ё ду сол баробар мешавад. То он вақт танҳо ҷаҳиши кутоҳмуддат ҷой хоҳад дошт. Албатта интизориҳое вуҷуд дорад, ки рубл ва сом арзишашон баробар мешавад. Вале фикр намекунам, ки ин дар ҳафтаҳо ва ё моҳҳои наздик итиффоқ биафтад.”
Пешгӯиҳои таҳлилгарони рус низ нисбат ба қурби рубл дар қиболи доллару евро чандон хушбинкунанда нестанд. Коршинос Ян Мелкумов дар суҳбат бо расонаи "Deutsche Welle" гуфт, интизориҳо оид ба мавқеи пеш баргаштани рубл ва поин рафтани доллару евро беҳуда аст. “Албатта чунин ҳолатҳо дар таърихи Русия ҷой дошт, вақте ки арзиши асъори хориҷӣ дар баробари рубл коҳиш ёфт, аммо ин дар шароити комилан дигар буд. Ин дар давраҳои рушди фаъоли иқтисодӣ, шароити хеле хуб дар бозорҳои нафту газ ба амал омада буд. Аммо дар шароити феълӣ барои интизор будани чунин ҳолат ягон асос вуҷуд надорад,”—гуфт коршинос.
Дар охири моҳи июн рубл ба беқурбшавӣ оғоз карда, дар нимаҳои моҳи август бори аввал дар 17 моҳи охир ба нуқтаи поинтарин расид. Рӯзи 14-уми август як доллари амрикоӣ ба 100 рубл баробар гардид.
Дар пайи уфти рубли русӣ, пулҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ арзонтар шуданд. Рӯзи 5-уми сентбяр Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки ҳазор рубли русӣ ба 113 сомонию чил дирам баробар шудааст.