Киев ҳаҷми кӯмаки низомиро ба Украина $100 млрд гуфт

Акс аз бойгонӣ.

Аз охири моҳи феврали соли 2022 шарикони байналхалқӣ ба Украина дар ҳаҷми наздики 100 млрд доллар кӯмаки низомӣ расонидаанд. Дар ин бора Алексей Резников, вазири ҳамакнун пешини мудофиаи Украина пеш аз эъломи истеъфояш хабар дод.

Ин 100 млрд доллар силоҳ, техника, мушак ва таслиҳоти дигарро дар бар мегирад, гуфт вазир. Вай афзуд, беш аз нисфи ин кӯмакҳо - наздики 60 млрд долларро ИМА таъмин кардааст.

Сиёсатмадорони ғарбӣ мегӯянд, кӯмакҳои низомӣ ба Украина бояд идома ёбанд. Киев дар навбати худ аз кишварҳои Ғарб навъҳои нави аслиҳа, аз ҷумла ҳавопаймоҳои низомӣ ва мушакҳои миёнапарвозро талаб дорад. Бо ин вуҷуд, бархе аз коршиносон мегӯянд, агар Киев дар ҳамлаи ҷавобии тобистони соли 2023 пешрафте нишон надиҳад, мумкин аст, кӯмаки низомии шарикони байналхалқӣ коҳиш ёбад, менависад Садои Амрико.

Кӯмаки шарикон ба Украина дар ҳолест, ки Русия пеш аз ҳамла ба Украина ба артишаш солона 43,5 млрд доллар харҷ мекард. Аз ибтидои ҳамла Москва буҷаи артишашро бо рубли русӣ се баробар афзоиш додааст, менависанд расонаҳо. Дар соли 2023 сеяки буҷаи Русия мумкин аст, барои артиш харҷ шавад. Маскав тақсимоти буҷаашро махфӣ кардааст.