Боздошти Абдухалил Холиқзода, мудири бемористони “Ибни Сино” дар рӯзи 7-уми августи имсол ба бархе аз хулосаҳои ӯ дар китоби ёддоштҳояш рабт дода мешавад. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар посухаш ба Радиои Озодӣ рӯзи 1 сентябр гуфт, нисбат ба боздоштшуда рӯзи 11-уми август бо назардошти банди 189-уми Кодекси ҷиноӣ парванда боз ва ба ҳабси ӯ ҳамчун “чораи пешгирӣ” иҷозат дода шудааст.
Ин банди қонуни кайфарӣ мегӯяд (айнан):
“Ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ), паст задани шаъну эътибори нажодӣ, миллӣ, динӣ(мазҳабӣ) ё маҳал, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубият ба нажод, миллат ё маҳал равона шудаанд, агар ин кирдорҳо ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла интернет,дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазоимаъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳосодир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан азозодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.”
Ҳабс ҳамчун “чораи пешгирӣ” дар ҳолатҳое ба кор бурда мешавад, ки дар озодӣ мондани айбдоршаванда барои ҷомеа ва ҳам пешбурди тафтишот хатарнок бошад.
ЧОРАИ ПЕШГИРӢ АЗ ЧӢ?
Ба гуфтаи наздиконаш, Абдухалил Холиқзода як ватандӯсти тоҷик аст ва дар фикри фирор аз Тоҷикистон набуд. Вале мақомот бо ҳабси ӯ паём доданд, ки озод монданаш хатар дорад. Як манбаъи наздик ба мақомоти додгоҳии Тоҷикистон гуфт, имкон дошт, озодии Холиқзода ба раванди тафтиш таъсиргузор бошад, зеро аз дӯстони наздики раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) Саидмӯъмин Ятимов ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода буд.
Банди 189-уми Кодекси ҷиноӣ ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муддати аз 2 то 5 солро танҳо барои ҳолате раво мебинад, ки агар айбдоршаванда бо вуҷуди “татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо” дар давоми як соли пас аз ҷазо “ҳаракатҳо”-и худро “барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ...” давом диҳад. Дар мавриди Холиқзода чунин таркиби ҷиноӣ дида намешавад. То ҳабс шуданаш ӯ чунин ҷазои маъмурӣ нагирифтааст.
Ду ҳуқуқшинос, ба шарти зикр нашудани номашон ба Радио Озодӣ гуфтанд, чораи пешгирӣ, яъне ҳабс дар ин парванда зиёдатист ва банди Кодекси ҷиноӣ низ ба он рабти кам дорад. “Вай дар китобаш намояндагони маҳалҳои гуногунро танқид кардааст, ҳамчунин фазои соҳибкорию тиҷоратиро дар кишвар, вале бино бар моддаи 30-и Конститутсияи Тоҷикистон сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст. Зӯроварии прокуратура ҳамин сензураи давлатӣ аст, ки қонуни асосӣ манъ кардааст”, гуфт яке аз ҳуқуқшиносон ба Радиои Озодӣ рӯзи 31-уми август.
Вай ҳамчунин баробарии таркиби ҷиноиро бо қисми 2 ва банди “г”-и ин моддаи Кодекси ҷиноӣзери суол гузошт, ки дар он гуфта мешавад, ҳаракатҳои кинабарангезӣ “аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ”. Яъне Абдухалил Холиқзода китобаш ё хулосаҳои танқидияшро пешакӣ бо одамони дигар маслиҳат карда навиштааст. Ин дар ҳолест, ки муаллиф мегӯяд, бахше аз китобро дар давраи саёҳатҳояш дар хориҷи кишвар ба қалам кашидааст ва одатан ҳар нависанда чунин китоби ёддоштҳоро дар танҳоӣ эҷод мекунад.
Боздошт шудани нависандаи шинохта Абдуқодири Рустам, ки муҳаррири китоб буд ва ҳам борҳо ба бозпурсӣ даъват шудани ашхоси дигаре, ки дар чопи китоб даст доштанд, аломати он аст, ки Додситонии кулли Тоҷикистон як парвандаи марҳалавӣ ва пурсарусадоеро ба миён овардан мехоҳад.
Аммо як манбаъи наздик ба сатҳи болоии ҳукумати Тоҷикистон ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад, ки зери ибораи “аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ” дӯстони хонаводагии Абдухалил Холиқзода -- Саидмӯъмин Ятимов ва Рамазон Раҳимзода низ дар мадди назар бошанд. Холиқзода дар китобаш аз ин ду нафар борҳо ёд карда ва бо нақли чанде аз воқеаҳои муҳим гуфтааст, ки онҳоро аз ҳамин ду нафар шунида, аз онҳо иҷозат гирифтааст, ки шунидаҳояшро чоп кунад.
Ин ҳолат ба Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон фурсати муносиберо пеш овардааст, то нуфузи ду чеҳраи калидии ҳукумат ва ду шахси боварбахши раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ҳадаф қарор диҳад. Ин ҳам дар ҳоле ки китоб ахиран баҳси доғеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.
АЗ ФЕЙСБУК БА ҶАЛАСАИ ҲУКУМАТ
Ду манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои тафтишотӣ мегӯянд, дар ибтидо баҳс атрофи китоби Холиқзод худҷӯш ва баёнгари эҳсосоти як гурӯҳе буд, ки худро ҳамчун зодаи маҳаллҳои муайян таҳқиршуда медонистанд, вале замоне додситонӣ ба он таваҷҷӯҳ кард, ки шарҳҳои онҳо бо дастури маъмурони КДАМ пок карда шуданд. Се нафар аз онҳо ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки воқеан “маъмурони амниятӣ ба онҳо тамос гирифта, гуфтаанд, ки фавран аз танқиди Холиқзода даст кашанд.”
Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, миёнаҳои моҳи июл дар нишасте дар дастгоҳи раисҷумҳур Юсуф Раҳмон бо ишора ба ин баҳси фейсбукӣ КДАМ ва ВКД-ро танқид карда, аз онҳо хост, Холиқзодаро боздошт кунанд.
“Рӯирост бо ишора ба Ятимов ва Раҳимзода мегӯяд, ки наход шумо аз одаме пуштибонӣ кунед, ки зидди ҳукумат менависад,”—гуфт, як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки шахси наздикаш дар он ҷаласа ҳузур доштааст.
Зоҳиран бо талошҳои Юсуф Раҳмон ин баҳс аз саҳифаҳои Фейсбук ба долонҳои ҳукумат кӯчид ва ҷиддитар мешавад.
Рӯзи 30-уми август “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон мақолаи Абдуҷаббор Раҳмонзода, адабиётшинос ва сафири Тоҷикистон дар Узбекистонро нашр кард, ки китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман”-ро маҳкум кардааст. Дипломати тоҷик навиштааст, ки “муаллиф боз чанд нақлу ҳикоя ва хотироти “дӯстонаш”-ро пайи ҳам нақл карда, ба интиқоди сохторҳои қудратии давлатӣ машғул мешавад.”
Дар китоб Холиқзода бо ишора ба ин ки “дӯстам Рамазон Раҳимзода ва Саидмӯъмин Ятимов ба ман гуфтанд” аз ҳарфҳои онҳо нақли қавл кардааст. Дар ҷое дигаре аз матлабаш Раҳмонзода муаллифи китобро ба таҳқири Додситони кул айбдор кардааст. Холиқзода дар китобаш навиштааст, ки нафаре дар Панҷакент барои аз тафтиш халос шудан “ба Додситони кулл пораи калон” додааст. “Дар ин ҷо ҳикояткунанда Додситони кулро рӯйирост таҳқир карда, ба номи ӯ доғ меорад,”- гуфтааст Раҳмонзода.
Исфандиёри Назар, шоири тоҷики муқими Аврупо, ки дар баҳсҳои фейсбукӣ аз Холиқзода пуштибонӣ кард, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ боздошти тоҷир ва нависандаро “ҷанг” ба муқобили Ятимову Раҳимзода донист, ки дар он он нависандае “қурбонӣ” мешавад.
Ӯ гуфт, дар китоб ҳеч далеле надидааст, ки боис ба боздошти Холиқзода шавад. “Ба ҳар ҳол, ҳадаф соҳиб шудани моликияти ин соҳибкор, бо баҳонаи "барангехтани низоъҳои маҳаллию мазҳабӣ" ва зиндонӣ кардани ӯст! Ин умедро ҳам дорам, ки агар ба фарз Эмомалӣ Раҳмон аз ин моҷаро дарак надошта бошад, (ки боварам намеояд), мумкин аст, садди роҳи ин бадномӣ шавад ва нависандаро озод созад,”—гуфт Исфандиёри Назар.
Ҳамзамон бо боздошти Абдухалил Холиқзодакитоби ӯро аз дуконҳо ҷамъ карданд ва онҳое, ки чопу рӯнамоии китобаш саҳм доштанд, бозпурсӣ шуданд.
Зафар Суфӣ, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, қазияи Холиқзода фаротар аз як боздошти маъмулӣ аст ва нишон медиҳад, ки Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон пас аз қудо шуданаш бо президент, мехоҳад, худро нафари содиқ ба Эмомалӣ Раҳмон нишон диҳад.
Писари додситони кулл соли гузашта бо духтари президент издивоҷ кард.
“Пас аз қудо шудан зоҳиран мехоҳад, дигаронро аз манобеи хабаррасон ба Раҳмон дуртар кунад. Ба назар мерасад, ки ӯ хеле ҷуръат пайдо кардааст ва бо сароҳат мегӯяд, ки ман дастури боздошти ӯро додам. Набояд рақобати чанд нафар боиси қурбонӣ шудани як соҳибкору нависанда шавад. Ҳар китоб метавонад хато дошта бошад, вале барои баёни андеша набояд одамро зиндонӣ кард. Мешуд гуфт, ки хато кардааст, тамом,”—гуфт Зафар Суфӣ.
Саъдӣ Маҳдӣ, раиси Академияи ВАО-и Тоҷикистон, ки яке аз мунтақидони китоб аст, мегӯяд, ҳадафаш аз навиштанҳо ин буд, ки нафаре “бедалел ва бар асоси дурӯғ набояд таърих созад.” Ӯ гуфт, ҳеч гумон надошт, ки рӯзе Абдухалил Холиқзода боздошт мешавад ва бо чунин ҳадаф низ матлаб нанавишта буд.
“Ман бо далелҳо гуфтам, ки дар китоб гапҳои ҳавоӣ зиёд аст ва ба иззати нафси мардуми минтақаҳои дигар расидааст. Ман ба кори мақомот дахолат намекунам ва аз тафтишот ҳам хабар надорам. Ҳадафи ман ин буд, ки муаллиф худаш узр пурсад ва эътироф кунад, ки дар китоб ба таҳқир роҳ додааст. Мақсад надоштам, ки нависаму ӯро боздошт кунанд. Ҳарчанд дар зери навиштаи ман чунин пешниҳодҳо буд, ки мақомот чораҷӯӣ кунанд, вале худи ман чунин пешниҳод накарда будам,”— гуфт Саъдӣ Маҳдӣ.
АФЗОИШИ НУФУЗИ ДОДСИТОНИ КУЛ
Як ҳуқуқдони тоҷик рӯзи 31 август ба Радои Озодӣ гуфт, сарусадо дар Фейсбук қазияро машҳур кард ва ба Додситони кул дастак дод, вале дар асл ба ҷойи Абдухалил Холиқзода метавонист ҳар каси наздик ба “қудратмандони атрофи президент” бошад.
Манбаъи наздик ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, президент Ятимов ва Раҳимзодаро “дастони рост ва чап”-худ медонад, ба онҳо бовари калон дорад, аммо чанд соли охир раиси ин дастгоҳ ва духтари президент Озода Раҳмон ин ду ва дигар вазиронро дар ҳолати вазнин гузоштааст. “Хонум талош дорад, ҳам Ятимову Раҳимзода ва ҳам вазирони дигар пеш аз он ки назди президент дароянд, ҳамаи масъалаҳоро бо худи ӯ машварат кунанд. Пештар ин хел набуд, акнун бояд “согласоват” кунанд,” гуфт ин манбаъ.
Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи манбаъ, ҳоло ҳам бисёр масъалаҳое ҳастанд, ки Эмомалӣ Раҳмон танҳо бо Ятимов ва Раҳимзода дар миён мегузорад, “боварияш ба онҳо садфоиза аст”.
Вале воқеият нишон медиҳад, ки таъсири ин ду чеҳраи калидӣ дар пасманзари рақобатҳо ва ростои интиқоли қудрат рӯ ба коҳиш аст ва Додситони кул низ аз он огоҳ буда, пас аз бастани риштаи хешовандӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ва бо истифода аз “парвандаи Холиқзода” “ба ҳуҷум” мегузарад. Дар ҳамон ҷаласаи дастгоҳ ва бо ишора ба “чеҳраҳои калидӣ” Юсуф Раҳмон гуфтааст, ки чӣ гуна онҳо бо касе дӯстӣ ва аз касе ҳимоят мекунанд, ки “зидди сиёсатҳои Пешвои миллат” аст. Биноан, ба гуфтаи як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ “парвандаи Холиқзода” барои Додситони кул аҳамияти бузурге дорад, монанди қазияи аз саҳна рондани ҲНИТ ва баъид нест, ба айбномаи расмӣ иттиҳомоти сангинтаре илова шавад.
Иттифоқан аз утоқҳои муфаттишони маҳбас иттилоъ мерасад, ки “ҳоло тафтишот робитаи Холиқзодаро бо мухолифон таҳқиқ мекунанд ва як саволе, ки аз ӯ пайваста пурсида шудааст, ки чаро аз ӯ мухолифон пуштибонӣ кардаанд.”
Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, аз Холиқзода ҳамчунин пурсидаанд, ки чаро дар матлабаш дар Фейсбук номи афродеро ҳамроҳ кардааст, ки дар Тоҷикистон таҳти пайгарди қонунӣ қарор доранд.