Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби кишвар 19 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар - шомиланд.
Бинобар ширкати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 6-ум то 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, як қатор бозигарон ба тими миллӣ даъват нашуданд.
Ҳамчунин, ба далели омодагии қаҳрамони Тоҷикистон - дастаи «Истиқлол» - ба бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 бо тими «Ал-Дуҳайл»-и Қатар, бархе аз бозигарони бошгоҳи Душанбе дар бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Сингапур иштирок намекунанд.
Мунтахаби Тоҷикистон рӯзи душанбеи 4-уми сентябр озими Сингапур мешавад. Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Сингапуру Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 8-уми сентябр дар Сингапур баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 16:30 ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.
Дар ҳамин ҳол дар радабандии FIFA мунтахаби Тоҷикистон дар байни 208 тими миллӣ дар ҷои 110-ум ва Сингапур дар ҷои 158-ум қарор доранд.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо тими миллии Сингапур:
Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров («Хатлон»-и Бохтар), Далер Баротов («Истаравшан»-и Истаравшан);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Табрез Исломов («Истиқлол»-и Душанбе), Далер Имомназаров («Эсхата»-и Хуҷанд), Холмурод Назаров, Муҳаммадҷон Насков (ҳарду аз «Равшан»-и Кӯлоб);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Ӯзбекистон), Комрон Турсунов («Гокулам Керала», Ҳиндустон), Муродалӣ Ақназаров («Анталяспор», Туркия), Вайсиддин Сафаров (КМВА-и Душанбе), Абубакр Сулаймонов («Барқчӣ»-и Ҳисор);
Ҳамлагарон: Амирҷон Сафаров («Равшан»), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот»-и Фархор), Масрур Ғафуров («Барқчӣ»).
Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).
Бозии дӯстона
8-уми сентябр (ҷумъа)
Оғози бозӣ - соати 16:30 ба вақти Душанбе
Сингапур – Тоҷикистон
Сингапур, Варзишгоҳи «Бишан»