Варзишгарони тоҷик дар риштаи бокс 8 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) гирифтанд. Миҷгона Самадова дар мусобиқаи занон дар дар вазни то 57 кило, Абубакр Муродзода (-60 кг) ва Абдумалик Болтаев (-80 кг) - дар байни мардон медалҳои тилло ба даст оварданд. Расул Аҳадов (-67 кг) барандаи медали нуқра шуд.
Муштзани тоҷик Дилдода Осақолова дар вазни то 54 кило миёни занон, Шоҳин Ҳикматов (-63,3 кг), Диёр Султонов (-75 кг) ва Толиб Расулов (-86 кг) дар мусобиқаи мардон бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Абубакр Шеров, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило медали тилло гирифт. Инчунин варзишгарони тоҷик дар риштаи ҷудо дар ҳисоби даставӣ соҳиби медали биринҷӣ гардиданд. Медали шашуми биринҷиро ба Тоҷикистон Субҳон Мирзомуродзода дар риштаи самбо дар вазни то 79 кило овард.
Довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев аз шаҳри Екатеринбург ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки ҳайати варзишии Тоҷикистон дар ин ҷашнвора бо шумули 50 кас, ки 37 нафарашон варзишгар буданд, бо раҳбарии Шодӣ Сафаров, раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, иштирок кард. Варзишгарони тоҷик дар се намуд (бокс - 8, ҷудо - 2 ва самбо - 1) медал гирифтанд.
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Фестивал, ки 14 намудро дарбар гирифт, донишҷӯёни варзишгар аз 36 кишвар муддати 13 рӯз (19-31-уми август) рақобат карданд. Ин ҷашнвора дар доираи чорабинии бузурги «Екатеринбург – ЭКСПО» доир шуд.
Ҳамин тариқ, дар сездаҳ рӯзи рақобатҳо варзишгарони донишҷӯи 22 кишвар соҳиби медал шуданд, аз он ҷумла намояндагони 15 кишвар бо нишони тилло сарфароз гаштанд.
Мунтахаби Русия бо касби 481 медал, ки 144-тоаш нишони тиллост, мақоми аввалро соҳиб шуд. Намояндагони кишварҳои дигар дар ин Фестивал ҷамъулҷамъ 211 медал – 51 тилло, 56 нуқра ва 104 биринҷӣ гирифтанд.
Мунтахаби Чин бо касби 10 медали тилло, 8 нуқра ва 6 биринҷӣ мақоми дувумро азони худ кард. Мақоми севумро мунтахаби Бразилия бо касби 6 медали тилло, 7 нуқра ва 9 биринҷӣ ишғол намуд.
Тоҷикистон дар байни ҳашт кишвари собиқи шӯравӣ, ки дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни варзишгар дар Екатеринбург ширкат дошт, пас аз Русия, Озарбойҷон ва Қирғизистон ҷойгир шуда, аз Узбекистон, Арманистон, Қазоқистон ва Беларус пеш гузашт.
Мавқеи дастаҳо баъди натиҷагирии сездаҳ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Фестивали байналмилалии донишҷӯёни варзишгар дар Екатеринбург:
1. Русия – 144 медали тилло, 138 нуқра, 199 биринҷӣ
2. Чин – 10, 8, 6.
3. Бразилия – 6, 7, 9.
4. Эрон – 5, 4, 14.
5. Куба – 5, 3, 5.
6. Озарбойҷон – 4, 7, 16.
7. Қирғизистон – 4, 7, 3.
8. Тоҷикистон – 4, 1, 6.
9. Узбекистон – 3, 3, 5.
10. Арманистон – 3, 1, 3.
11. Қазоқистон – 2, 1, 5.
12. Баҳрайн – 2, 0, 3.
13. Беларус – 1, 6, 9.
14 Венесуэла – 1, 4, 2.
15. Муғулистон – 1, 1, 8.
16. Ветнам – 0, 3, 2.
17-18. Ироқ, Сербия – 0, 0, 2.
19-22. Аргентина, Ҳиндустон, Мексика, Сурия – 0, 0, 1.