Русия як паноҳҷӯро ба Туркманистон ихроҷ кардааст

Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.

Паноҳҷӯи туркманистонӣ Ашӯрбой Бекиев, ки дар ватанаш бино ба ангезаҳои мазҳабӣ таъқиб мешавад, шоми 30 август аз Москва ба Ишқобод ихроҷ шудааст.

Бекиев дар ҳашт соли охир талош дошт, ки қарори мақомоти Русияро дар мавриди ихроҷаш бекор созад. Ҳомиёни ҳуқуқ аз сарнавишти минбаъдаи Бекиев дар Туркманистон нигаронанд.

Бекиев нисфирӯзии рӯзи чаҳоршанбе ба яке аз дӯстонаш тамос гирифта, хабар додааст, ки ӯро ихроҷ мекунанд.

Бекиевро баҳори имсол боздошт карда буданд ва аз он замон то кунун вай дар маркаи ихроҷ дар Санкт-Петербург нигаҳ дошта мешуд.

Вай кишварашро соли 2009 тарк карда буд ва давоми ин муддат ҳамроҳ бо ҳамсару фарзандонаш дар Санкт-Петербург зиндагӣ мекард.

Мақомоти Туркманистон солҳои охир борҳо талош карданд, ки Бекиевро аз Русия истирдод кунанд.

Ӯро дар Туркманистон дар барангехтани бадбинии миллӣ ва мазҳабӣ айбдор мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ин айбҳо беасос ҳастанд ва ӯро барои дидгоҳҳояш таъқиб мекунанд.