Варзишгарони тоҷик дар риштаи бокс 8 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) гирифтанд. Миҷгона Самадова дар мусобиқаи занон дар дар вазни то 57 кило, Абубакр Муродзода (-60 кг) ва Абдумалик Болтаев (-80 кг) - дар байни мардон медалҳои тилло ба даст оварданд. Расул Аҳадов (-67 кг) барандаи медали нуқра шуд.
Муштзани тоҷик Дилдода Осақолова дар вазни то 54 кило миёни занон, Шоҳин Ҳикматов (-63,3 кг), Диёр Султонов (-75 кг) ва Толиб Расулов (-86 кг) дар мусобиқаи мардон бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Абубакр Шеров, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило медали тилло гирифт. Варзишгарони тоҷик дар риштаи ҷудо дар ҳисоби дастаӣ соҳиби медали биринҷӣ гардиданд. Медали шашуми биринҷиро ба Тоҷикистон Субҳон Мирзомуродзода дар риштаи самбо дар вазни то 79 кило овард.
Маҳмуд Абдуллоев, довари дараҷаи байналмилалӣ, аз шаҳри Екатеринбург ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки ҳайати варзишии Тоҷикистон дар ин ҷашнвора бо шумули 50 кас, ки 37 нафарашон варзишгаранд, бо раҳбарии Шодӣ Сафаров, раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, ширкат кард.
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Фестивал, ки 14 намудро дарбар мегирад, донишҷӯёни варзишгар аз 36 кишвар муддати 13 рӯз (19-31-уми август) рақобат мекунанд. Ин ҷашнвора дар доираи чорабинии бузурги «Екатеринбург – ЭКСПО» доир шудааст.
Ҳамин тариқ, дар дувоздаҳ рӯзи рақобатҳо варзишгарони донишҷӯи 22 кишвар соҳиби медал шудаанд, намояндагони 15 кишвар бо нишони тилло сарфароз гаштаанд.
Тоҷикистон дар байни ҳашт кишвари собиқи шӯравӣ, ки дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни варзишгар дар Екатеринбург ширкат дорад, пас аз Русия, Озарбойҷон ва Қирғизистон ҷойгир шуда, аз Узбекистон, Арманистон, Қазоқистон ва Беларус пеш аст. Зимнан, варзишгарони тоҷик иштироки худро дар мусобиқот аз рӯи барномаи Фестивал ба анҷом расонданд.
Мавқеи дастаҳо баъди натиҷагирии дувоздаҳ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Фестивали байналмилалии донишҷӯёни варзишгар дар Екатеринбург:
1. Русия – 142 медали тилло, 136 нуқра, 197 биринҷӣ
2. Чин – 10, 8, 6.
3. Бразилия – 6, 7, 9.
4. Эрон – 5, 4, 13.
5. Куба – 5, 3, 5.
6. Озарбойҷон – 4, 7, 15.
7. Қирғизистон – 4, 7, 3.
8. Тоҷикистон – 4, 1, 6.
9. Узбекистон – 3, 3, 5.
10. Арманистон – 3, 1, 3.
11. Қазоқистон – 2, 1, 5.
12. Баҳрайн – 2, 0, 3.
13. Беларус – 1, 6, 9.
14 Венесуэла – 1, 4, 2.
15. Муғулистон – 1, 1, 8.
16. Ветнам – 0, 3, 2.
17-18. Ироқ, Сербия – 0, 0, 2.
19-22. Аргентина, Ҳиндустон, Мексика, Сурия – 0, 0, 1.
Имрӯз, 31-уми август, дар Екатеринбург ғолибону ҷоизадорони Фестивали байналмилалии донишҷӯёни варзишгар дар риштаи таэквондо дар рақобатҳои даставӣ муайян мешаванд.