Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори Кӯлоб, ки ду сол пеш ба ин мақом расидааст, аз мансаб ба фоидаи ширкати худ истифода мекунад, пули андозу барқро намесупорад, муассисаву хиёбонҳоро ба номи наздиконаш номгузорӣ кардааст ва гурӯҳе аз ҳисоби журналистон созмон додааст, ки ҳар амали ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо иғроқ тавсиф мекунанд.
Моҳи апрел ба дасти Радиои Озодӣ санаде расида буд, ки ҳашт ширкату бино ва корхонаи вобаста ба наздикони Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистон, беш аз 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ пули барқро насупоридаанд. Аз ин пеш дар бораи насупурдани пули андоз низ гузориш дода будем. Бег Сабур мансабдори давлатист ва ҳаққи машғул шудан ба тиҷоратро надорад, вале таҳқиқи Радиои Озодӣ дар Кӯлоб нишон дод, ки Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори Кӯлоб низ аз Бег Сабур "пайравӣ" мекунад.
"Намемонанд пули барқу андозро ҷамъ кунем"
Радиои Озодӣ ба ин таҳқиқ замоне рӯ овард, ки чанд корманди идораи шабакаҳои барқии Кӯлоб ва идораи андоз шикоят карданд, ки шаҳрдори Кӯлоб монеи иҷрои вазифаҳои касбии онҳо мешавад ва барои ҷамъоварии маблағи андозу барқ монеа эҷод мекунад. Бахтиёр Назарзода рӯзи 14-уми август фишор ба кормандони идораи барқу андозро рад кард, вале гуфт, "пули барқу андозро марҳила ба марҳила месупоранд."
Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки бархе аз корхонаҳое, ки пули андозу барқро надодаанд, мустақим ё ғайримустақим ба раиси Кӯлоб тааллуқ доранд ё зери раҳбарии ӯ амал мекунанд. Худаш гуфт, ин корхонаҳо "ба наздикони ӯ тааллуқ доранд."
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Корхонаҳои саноатии Кӯлоб то кунун наздики чор миллион сомонӣ пули истифода аз барқро насупурдаанд ва беш аз 14 миллион сомонӣ аз андоз қарздор будаанд. Маъмулан корхонаҳои Кӯлоб хурд буда, пули каме ба андозу истифодаи барқ месупоранд, вале ин қарзҳо дар замони раҳбарии Бахтиёр Назарзода ҳамчун шаҳрдори Кӯлоб дар қиёс ба се соли пеш афзоиш ёфтаанд. Ду мақомдори идораи андоз ва идораи шабакаҳои барқӣ дар суҳбати сабтӣ, вале бо шарти зикр нашудани номашон гуфтанд, зери фишори шаҳрдор наметавонанд пули барқу андозро сари вақт ҷамъоварӣ кунанд. Ба гуфтаи онҳо, шаҳрдор бо ҳар баҳона онҳоро аз ситонидани пули андозу барқ аз бархе корхонаҳои хусусӣ ва давлатӣ бозмедорад.
Аз ҷумла ба дасти Радиои Озодӣ санаде расид, ки дар он дида мешавад, бинои ҳукумати Кӯлоб барқро истифода кардааст, вале то аввали моҳи августи имсол 58 ҳазору 657 сомонӣ пули онро надодааст. Меҳмонхонаи ҳукумати Кӯлоб беш аз 35 ҳазор сомонӣ пули истифода аз барқро насупурдааст. Бахтиёр Назарзода гуфт, сари вақт фармон медиҳад, ки пули барқро супоранд, вале мусоҳибони Радиои Озодӣ ва санадҳое, ки мо дар даст дорем, баръакси гуфтаҳои шаҳрдор ҳастанд.
Ширкате, ки қарзаш якбора зиёд шуд
Дар ин миён аз ширкате ном меравад, ки ба гуфтаи кормандони идораи андозу барқ, шаҳрдори Кӯлоб бархӯрди қонунӣ бо онро бо ҳассосият қабул мекунад. Ин ширкат дар санадҳои андозу барқ бо номи ҶДММ "Далер" зикр шудааст, ки дар чанд моҳи ахир беш аз 23 ҳазор сомонӣ пули барқро насупурдааст. Аз андоз низ наздик ба 20 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Ин ширкат меҳмонхонаи чорошёна дар маркази шаҳр бо номи "Кӯлоб", маркази маишиии "Чорсу" ва чанд ошхонаву корхонаҳои хурду бузургро дар ихтиёр дорад. Ширкате, ки аз пули истифодаи барқ ва андоз қарздор аст, дар бархе тендерҳои давлатӣ барои сохтмон низ ширкат карда, баранда шудааст.
Дар санадҳои Идораи барқи Кӯлоб, ки дастраси Радиои Озодӣ шудаанд, масъули пардохти пули барқ “Бахтиёр Назаров” ном бурда шудааст.
“Бале, ин раиси шаҳр ҳаст. Вақте мо барои ситонидани пул меравем ва мегӯем, ки агар пардохт нашавад, барқро қатъ мекунем, зуд бо ишора таҳдид мекунад. Баъдан, раҳбарони мо тамос мегиранд, ки ба корхонаҳои раиси шаҳр даст нарасонед,”—гуфт, мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки иддаояшро бо санадҳои расмӣ ба мо тасдиқ мекард.
Дар нигоҳи аввал барои як ширкат чунин маблағи қарз аз андозу барқ зиёд нест, вале масъулон мегӯянд, барои шаҳри Кӯлоб ин қарзи “миёна” ҳисоб мешавад, чун бештари корхонаҳо камтар аз ин қарздоранд.
ҶДММ "Далер" аз кист?
Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Далер" аз 10-уми августи соли 1999 дар Кумитаи андоз сабти ном шудааст. Раҳбари нахустини он Бахтиёр Назаров (Назарзода Бахтиёр) буд. Ба гуфтаи огоҳон, ҶДММ "Далер"-ро ӯ ба ифтихори писараш Далер Назаров номгузорӣ кард, ки он замон 8 сол дошт. Замони таъсиси ҷамъият Бахтиёр Назаров, муовини директори Ҷамъияти саҳҳомии "Кафолат" дар Кӯлоб буд, ки онро падараш Худоёр Назаров таъсис додааст.
Он замон ин корхона дар утоқи хурде дар бинои меҳмонхонаи он вақт давлатии "Кӯлоб" қарор дошт, ки баъдан аз ҷониби Бахтиёр Назаров ва падараш хусусӣ карда шуд. Ин меҳмонхона ба нархи ночизе дар охири солҳои 90-уми асри гузашта хусусӣ шудааст. Соли 2016, замоне, ки Рустами Эмомалӣ, писари президенти Тоҷикистон раҳбари Оҷонсии мубориза бо фасод буд, ин хариду фурӯш “шубҳанок” унвон шуда, мавриди тафтиш қарор ёфтааст, вале хулосаи ин тафтиш ҳанӯз дастрас нест.
Дар ду китоби шарҳиҳолӣ ва хотираҳо, ки Радиои Озодӣ онҳоро мутолиа кард ва яке имсол нашр шудааст, соҳиби ин ширкат Бахтиёр Назаров (Назарзода) гуфта шудааст.
Сардори молия-бидуни таҷриба
Ҳолномаи Бахтиёр Назаров низ ҷолиб аст. Ӯ соли 2004 аз кор дар созмони ҷамъиятии “Кафолат”, ки зери назари падараш буд, якбора сардори шуъбаи Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамон сол бидуни одитарин таҷриба дар соҳаи молия, сардори Шӯъбаи молияи Кӯлоб таъин шудааст. Дар ин мақом бо суръат боло меравад ва ду сол баъд, ба мақоми сардори Идораи молияи шаҳри Кӯлоб мерасад. Аз соли 2007 то 2016 раҳбарии ин идораи муҳимро, ки рисолаташ тақсими одилонаи маблағҳои буҷа ба корхонаву муассисаҳои давлатӣ аст, дар минтақаи Кӯлоб ба ӯҳда дошт. Ӯ соли 2021 раиси Идораи молияи вилояти Хатлон буд ва аз ин мансаб шаҳрдори Кӯлоб таъин шуд.
Дар ҳамин давра ширкати “Далер”, ки дигар ба номи писари ӯ, Назаров Далер Бахтиёрович, соли таваллудаш 1991, гузашта буд, талоши ворид шудан ба тиҷорати бузургтарро кард. Писари Бахтиёр Назаров ҳоло корманди Палатаи ҳисоби ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва низ ҳамчун корманди давлатӣ ҳаққи соҳибкорӣ надорад.
Корхонае, ки фақат як рӯз кор кард
Моҳи октябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар Кӯлоб корхонаи “бастубанди меваи хушк”-ро боз кард, ки ба ширкати “Далер” тааллуқ дошт. Дар хабар гуфта мешуд, ки ин корхона дар як сол 3 ҳазор тонна мева хушк мекунад ва 35 нафар коргар дораду дар оянда шумораи коргаронашро ба 100 нафар хоҳад расонд. Шоҳидон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин корхона барои аввалину охирин бор дар ҳузури президенти кишвар кор кард ва дигар ҳеч гоҳ фаъол нашуд. Худи Бахтиёр Назарзода дар ду соли кориаш бори сеюм аст, ки дар нишастҳои матбуотиаш аз дубора фаъол шудани ин корхона мегӯяд.
Моҳи июн хабарнигори Радиои Озодӣ бинои ин корхонаро дид. Онҷо мисли харобазор буд ва дохилаш говҳо мечариданд. Дар моҳи август Бахтиёр Назарзода бори сеюм дар ду соли ахир гуфт, ки ин корхона фаъол шудааст. "Корхонаи ҶДММ "Далер" фаъол аст, кор мекунад. Ҳозир самти корашро иваз кардааст. Ҳозир шартнома бастааст бо як ширкат аз вилояти Суғд, корро аллакай оғоз кардаанд,”—гуфт Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори Кӯлоб.
Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми август дар нишасти матбуотӣ аз шаҳрдор дар бораи ширкати “Далер” пурсид. Ӯ гуфт, ин корхона “ба ман тааллуқ надорад, ба хешу табори ман тааллуқ дорад.”
Ӯ, ки аз ин суол асабонӣ ба назар мерасид, гуфт: “Ин аллакай сеюм бор аст, ки шумо ин саволро медиҳед. Қарзҳояш пардохт шуда истодаанд. Марҳила ба марҳила тартиб ҷорӣ кардаем, дар мувофиқа бо Кумитаи андоз пардохт шуда истодаанд.”
Дар нишасти матуботии соли гузашта шаҳрдори Кӯлоб ба худ ё наздиконаш тааллуқ доштани ин ширкатро тасдиқ ё рад накарда буд.
Шаҳрдор як чиз мегӯяд, Кумитаи андоз дигар
Дар ҳоле, ки шаҳрдор ду сол боз аз дубора фаъол шудани як корхони зертобеи ширкати “Далер”, ки ба қавли ҳолдонҳо барои фиреби назари президент барои як рӯз боз шуда буд, мегӯяд, дар санадҳои андоз гуфта шудааст, ки корхонаи тобеи ҶДММ “Далер” аз соли 2018 фаъолияташро қатъ кардааст ва дигар ҳамчун андозсупоранда вуҷуд надорад.
Дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ, баръакси чизе, ки шаҳрдор дар нишастҳои матбуотиаш мегӯяд, Бахтиёр Назарзода аз 26-уми декабри соли 2022 навиштааст, ки ин корхона “бинобар фурӯш нарафтани маҳсулот ва аз кор баромадани яке аз таҷҳизоти хушккунӣ коргоҳи коркарди меваи хушк аз фаъолият бозмонд.”
Номи соҳиби ширкати “Далер” баръакси аксари андозсупорандагон дар феҳрасти Кумитаи андоз ҷой надорад ва бо вуҷуди онки шаҳрдор онро мутаалиқ ба хешу табораш медонад, вале аз гуфтани номи соҳибаш худдорӣ мекунад. Радиои Озодӣ ба санадҳое даст ёфт, ки танҳо пас аз шаҳрдор таъин шудан бархе дороиҳои ширкат ба ихтиёри Давлятов Нурулло Назуллоевич дода шудааст. Таҳқиқи мо нишон дод, ки Давлятов Нуруллои 60-сола аз хешони дури шаҳрдор буда, як шахси миёнаҳол аст ва дар гузашта фаъолияти соҳибкорие надоштааст. То ин замони кор дар идораи молия, ин ширкат ба номи худи Бахтиёр Назаров ва баъдан ба номи писараш сабти ном шудааст.
2013 ё 2016?
Хабари боз шудани ин корхона дар сомонаи президенти Тоҷикистон соли 2013 гуфта шудааст, вале дар номае Идораи андози шаҳри Кӯлоб аз 23-юми декабри соли 2022 ба Радиои Озодӣ оғози фаъолияти он моҳи июни соли 2016 зикр шудааст. Яъне, дар нозироти андози Кӯлоб ин корхона се сол пас аз оне сабт шудааст, ки расман бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон боз шуда буд. Дар номаи нозироти андоз гуфта шудааст, ки ҶДММ “Далер” аз соли 2016 ба коркарди меваи хушк ва банду басти он оғоз карда, “дар ин давра ба буҷети дахлдор 146,7 ҳазор сомонӣ андозҳоро пардохт намудааст.”
Кумитаи андози ҷумҳурии Тоҷикистон бархилофи нозироти андози Кӯлоб дар номае ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ҶДММ “Далер” аз андоз қарздор аст, вале аз гуфтани миқдори қарз худдорӣ кардааст. Ин кумита, ки ҳамеша шумораи афроди қарздорро дар сомонааш эълон мекунад ва рӯйхати сарояндаҳое, ки се-чор ҳазор сомонӣ қарздоранд, нашр мекунад, дар ҳеч ҷо аз қарздории ин ширкат ном набурдааст. Дар посухи Кумитаи андоз аз рӯзи 20-уми декабри соли 2022 гуфта шудааст, ки ширкати “Далер” “ба ташкил ва кушодани мағозаҳои савдои яклухт ва чакана” машғул аст.
Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ин ширкат ба тиҷорати гуногун даст задааст. Аз иҷора додани мошинҳои боркаш то сохтмони мактаб.
Сӯистифода аз мансаб дар сохтмони мактаб
Соли 2021 дар маҳаллаи Чаманзори Кӯлоб мактабе барои 600 хонанда ба истифода дода шуд. Дар расми ифтитоҳи он Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Бахтиёр Назарзода ширкат дошт. Сомонаи президенти Тоҷикистон хабар додааст, ки онро ширкати ҶДММ “Далер” бунёд кардааст. Пули сохтмони ин мактабро аз буҷаи давлат тариқи идораи молия додаанд.
Як мусоҳиби огоҳи мо гуфт, ки дар тендери давлатӣ Бахтиёр Назарзода, ки замони оғози сохтмон раиси Идораи молияи вилояти Хатлон буд, бо пойфишорӣ ширкати “Далер”-ро баранда кардааст.
“Дар асл фақат пул ба ширкати “Далер” гузаштааст. Инро бо ҷалби дигар ширкату сохтмончиён сохтаанд. ҶДММ “Далер” на таҷрибаи сохтмонӣ дорад ва на сохтмончӣ аст,”—гуфт ӯ.
Ҳаҷми маблағи сарфшуда барои ин мактаб эълон нашудааст, вале ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ он наздики 10 миллион сомониро ташкил медод.
Пас аз боз шуданаш онро ба номи Назар Шариф гузоштанд. Таҳқиқи Радиои Озодӣ собит кард, ки Назар Шариф, яке аз 14 ҳазор иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Кӯлоб ва бобои Бахтиёр Назарзода мебошад. Тобистони соли гузашта раиси шаҳри Кӯлоб дар саҳни ин мактаб нимпайкараи бобояшро гузошт. Дар расми ифтитоҳи он Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон даъват шуда буд.
Мусоҳибони Радиои Озодӣ мутмаинанд, ки дар сохтмони ин мактаб “сӯистифода аз мақом”, “хешутаборбозӣ” ва “истифодаи нодурусти маблағҳо” вуҷуд дорад, вале ҳанӯз онро тафтиш накардаанд.
Маҷмааи 2700 солагии Кӯлоб бозор шудааст
Замоне, ки Бахтиёр Назарзода ба курсии шаҳрдори Кӯлоб такя зад, маҷмааи 2700-солагии Кӯлоб, ки онҷо ягона нишони таърихӣ будани шаҳрро ёфта буданд, ба бозор ва таваққуфгоҳи мошинҳо табдил ёфт. Ин маҷмаа “иншооти махсусан ҳифзшаванда” буда, бунёди ҳаргуна бозор дар дохили он хилофи қонун аст. Ҳоло дар паҳлуи чапи он бозори фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ё “Деҳқонбозор” таъсис ёфтааст ва канори дигараш, ки то ду сол пеш курсиҳо барои нишасти сокинон буд, таваққуфгоҳи мошинҳо бунёд шудааст. Гулзору сабзаҳои ин мавзеъ хароб шудаанд ва онҷо барои исти мошинҳо сангреза рехта шудааст. Дохили ин маҷмаа пур аз ифлосӣ буда, дар ҳолати харобӣ қарор дорад. Дар дохили ин нишон корхонаи қадими хумпазӣ ҷой дорад ва онро далели аслии кӯҳан будани Кӯлоб медонанд. Дохили хумдон пур аз ахлот аст ва сафолҳои зинапояи маҷмаа низ шикастаанд. Дар замини ин муассиса шаш дӯкони фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва чор ҳоҷатхона сохта шудаанд. Шаҳрдори собиқ иҷозаи сохтмон дар назди мамнӯъгоҳро ғайриқонунӣ дониста буд. Истифода аз ҳоҷатхонаҳо пулакист.
Ин Маҷмаа тобеи Боғи фарҳангу фароғатии Кӯлоб аст, ки раҳбари он Меҳриддин Тошов аст. Таҳқиқи мо нишон дод, ки Меҳриддин Тошов қудои Бахтиёр Назарзода аст ва ғайрирасмӣ бозору таваққуфгоҳро ӯ идора мекунад. Тоҷирон гуфтанд, ки иҷозати савдо дар ин макони таърихиро бевосита аз Меҳриддин Тошов дарёфт кардаанд. Аз ҳар тоҷир ё деҳқоне, ки маҳсулоташро ба инҷо ворид мекунад, аз 5 то 10 сомонӣ вобаста ба ҳаҷми маҳсулоташ пул мегиранд. Барои исти ҳар мошин то ду сомонӣ, вале инҳо дар қайди нозироти андоз нестанд ва ҳеч маблағе аз ин ҳисоб ба буҷаи давлат ворид намешавад. Меҳриддин Тошов нахост дар ин мавзӯъ бо хабарнигори мо суҳбат кунад.
Дар нишасти аввали матбуотиаш пас аз интихобаш ба вазифаи шаҳрдор, дар моҳи январи соли 2022, Бахтиёр Назарзода ба суоли хабарнигорон гуфта буд, ки инҷо танҳо барои “ярмаракаҳо” бозори муваққатӣ аст, вале бо гузашти ду сол ин бозор ҳанӯз фаъол мебошад. Сохтмони мағоза ва бо ҳадафи дигар истифода кардани маконҳои дорои аҳамияти таърихӣ хилофи қонунҳои Тоҷикистон дар мавриди “ҳифзи осори таърихию фарҳангӣ” аст. Дар моддаи 5-и қонун дар бора ҳифзи осорҳои таърихию фарҳангӣ гуфта мешавад, ки “дар ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ сохтмони объектҳои нав, ба истиснои объектҳое, ки ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ марбутанд, манъ аст.” Дар моддаи 242-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои хароб кардани ёдгориҳои таърихӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон рӯзи 15-уми август дар нишасти матбуотиаш дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт, шахсан худаш ё муовинашро барои тафтиши вуҷуди чунин ҳолат ба Кӯлоб мефиристад ва агар воқеан чунин ҳолат ҷой дошта бошад, “чораҷӯӣ ва ислоҳ мекунанд.”
Дар талоши чеҳрасозӣ ва шахсиятофарӣ
Бахтиёр Назарзода аз ибтидои роҳ ёфтанаш ба мансабҳои давлатӣ талош кардааст, ба номи падару бобою хусураш маҳалу маконеро номгузорӣ кунад, ба ифтихори онҳо филми ҳуҷҷатӣ наворбардорӣ кунад ва ба нависандагон фармоиши эҷоди асарҳои бадеиро диҳад.
Соли 2005-ум, ки Бахтиёр Назаров, вакили Маҷлиси маҳаллӣ ва сардори Идораи молияи Кӯлоб буд, талош кард, яке аз хиёбонҳои марказии шаҳрро бо номи падараш Худоёр Назаров номгузорӣ кунад. Худоёр Назаров аз замони шӯравӣ устои таъмиргари радио ва телевизион буд ва дар меҳмонхонае, ки баъдан хусусӣ кард, устохонаи хурде дошт.
“Замоне, ки баъди раиси шаҳр ӯ дуюм одами таъсиргузор дар Кӯлоб буд, ба ҳама вакилони маҳаллӣ зиёфат дод ва рӯирост пешниҳод кард, ки як хиёбони марказиро ба номи падараш гузоранд. Вакилон медонистанд, ки дигар аллакай дар шаҳрдорӣ тасмим гирифта шудааст ва дигар эътирозе накарданд,”— гуфт, як вакили пешини маҷлиси маҳаллӣ дар Кӯлоб.
Номи Шариф Саидов, ки дар китобҳои тарҷумаиҳолӣ хусури Бахтиёр Назарзода зикр шудааст, як сол баъди ба мансаб расидани ӯ дар расонаҳои маҳаллӣ пайдо шуд. Ӯ дар замони шӯравӣ гуштигир будааст ва то замони раисии Бахтиёр Назарзода як шахси ношинохтае буд. Ду соли ахир пайваста ба номи ӯ мусобиқаҳои гуштигирӣ баргузор мекунанд ва шахсан худи шаҳрдори Кӯлоб дар онҳо ширкат мекунад. Дар шаҳри Кӯлоб овезаву навиштаҳо ба ифтихори “Устоди варзиш Шариф Саидов” пайдо шудааст.
Рӯзи 22-уми июли имсол ба хотири Шариф Саидов дар Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Харҷи дақиқи ташкили ин мусобиқа, ки дар он аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар варзишгарон ширкат карданд, маълум нест, вале ба гуфтаи масъулонаш, “онро аз буҷаи ҳукумати маҳаллӣ пардохт карданд.”
Бахтиёр Назарзода ба варзишгарон аз хидматҳои Шариф Саидов нақл карда, ӯро як “варзишгару шахсияти бузурги Тоҷикистон” ном бурдааст.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон рӯзи 15-уми август дар нишасти матбуотиаш ба додситонии вилоят дастур дод, ки вуҷуди истифода аз мансаб дар фаъолиятҳои шаҳрдорро тафтиш кунанд.
Муҷассамаи “Модар” ва “Фабрикаи ҷавоб”-и шаҳрдор
Охири соли гузашта Радиои Озодӣ мақолае навишт, ки “Муҷассамаи модар” дар даромадгоҳи Кӯлоб шабеҳи модари Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори Кӯлоб аст. Он замон тарафдорони шаҳрдори Кӯлоб мавзӯи баҳсро ба дигар самт бурданд ва аз мавзуи аслӣ, арҷгузории як мансабдор танҳо ба наздикони худ, рӯ тофтанд. Баъдан, Радиои Озодӣ бо пайкарасозон ва шоҳидон суҳбат кард. Онҳо шоҳидӣ доданд, ки маҳз аз ҷониби шаҳрдор акси модараш пешниҳод шуда буд ва ин пайкара шабеҳи он сохта шуд.
Як тан аз рӯзноманигорони расонаи давлатӣ ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки пас аз нашри матлаб рӯзноманигорон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ба бинои ҳукумат даъват шуданд. Яке аз муовинони раиси шаҳр бо онҳо суҳбат кард ва фармон дод, ки ҳар ҷое имкон доранд, “зидди мақолаи танқиди ҳайкали модар нависанд.” (Феҳристи даъватшудагон дар дасти Радиои Озодӣ мавҷуд аст)
“Раиси Кӯлоб, ки меҳмонхонаи шахсӣ ва дигар корхонаҳо дорад, ба ҳар шакле ба журналистон кам-кам кӯмак мекунад. Бештари журналистони маҳаллӣ ва расонаҳои маҳаллӣ ӯро тавсиф мекунанд. Вақте дар Радиои Озодӣ навишта шуд, ба ҳамаи онҳо ҳузурӣ ё тариқи телефон гуфтааст, ки акнун вақташ омад, ки аз ман ҳимоят кунед,”—гуфт, рӯзноманигори як расонаи давлатӣ.
Телевизион ва дигар расонаҳои давлатӣ то моҳи апрели имсол тақрибан рӯзе набуд, ки дар бораи “ободкориҳои Назарзода” гузориш нашр накунанд. Як тан аз зердастонаш, ки муддате бо шарҳрдор кор кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, “раис ба ҳадди ногуфтанӣ таърифро дӯст медорад. Бисёр нағз мебинад, ки на танҳо худи ӯ, балки падару бобову хусуру модарашро тавсиф кунанд.”
Ду тан аз журналистони расонаҳои давлатӣ гуфтанд, ки пас аз танқид кардани фаъолиятҳои шаҳрдор зери фишор қарор гирифтаанд.
Аз охири моҳи апрел тавсифҳои шаҳрдор камтар шудааст, ҳарчанд, ҳафтае нест, ки ба шеваи каме одитар дар шабакаҳои иҷтимоӣ давом ёбад. Ду мақомдор гуфтанд, ки рӯзи 27-уми апрел Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара Бахтиёр Назарзодаро танқид кардааст, ки “худашро кам намоиш диҳад ва бештар кор кунад.”
Бахтиёр Назарзода дар охирин нишасти матбуотиаш ба суоли Худоёри Валӣ, хабарнигори телевизиони Тоҷикистон гуфт, ки касеро барои таърифу тавсифаш хоҳиш намекунад.
Бо ин вуҷуд, шаҳрдор тарғиби гузаштагони худро бештар кардааст. Ҳоло дар гӯшаву канори шаҳр аксҳои Шариф Назар, бобои ӯро ҳамчун ширкатдори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва Шариф Саидов, падари ҳамсарашро ҳамчун “Устоди варзиш” метавон мушоҳида кард.