Бобои Дона, ки зиндонӣ шуданаш сару садои зиёде барангехт, даргузашт

Баъди раҳоӣ аз зиндон, хабарнигорон Дониёр Набиевро надиданд

Дониёр Набиев (Бобои Дона), зиндонии пешини Ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ бар асари бемории тӯлонӣ дар синни 89-солагӣ даргузашт. Набиев соли 2020 барои кӯмак ба наздикони зиндонии ҲНИТ боздошт ва ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд. Дар пайи интиқоди зиёди ҳомиёни ҳуқуқ ӯро аз зиндон раҳо карда буданд.

Асомиддин Набиев, бародарзодаи Дониёр Набиев 28-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, амакаш шоми дирӯз бар асари бемории меъда ва сил даргузашт. Марҳумро имрӯз ба хок супоридаанд.

Дониёр Набиев моҳи августи соли 2020 боздошт ва се моҳ баъд додгоҳ ӯро ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард. Вазорати корҳои дохилӣ дар баёнияе гуфт, узви собиқи Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ба ифротгароӣ ва кӯмаки молӣ ба ҷангҷӯёни тоҷик дар хориҷ муттаҳам мешавад. Ҳизб дар баёнияе гуфт, ки ҳама иттиҳомот "сиёсӣ ва маҳз барои бадном кардани як пирамарди бегуноҳ аст."

Боздошти ин пирамардро созмонҳои байналмилалӣ маҳкум карда буданд. Аз ҷумла, созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) бо нигаронӣ аз вазъи саломатии Дониёр Набиев (Бобои Дона) аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ӯро фавран аз зиндон озод кунад. Ин созмон дар изҳороте гуфта буд, ки "Дониёр Набиевро барои хайрхоҳӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд. Ӯ танҳо дар талоши он буд, ки ба шахсони муҳтоҷ мадад кунад."

Моҳи апрели соли 2021 вакили дифоъ ва наздикони Дониёр Набиев гуфтанд, ба хотири бемори сил будан, Бобои дона аз зиндон раҳо шудааст. Аммо вақте хабарнигорон ба манзилаш рафтанд, пайвандонаш Дониёр Набиевро нишон надоданд. Баъд аз он низ рӯзноманигорон бо Бобои Дона суҳбат накарданд ва дақиқ набуд, ки ӯ баъди раҳоӣ аз зиндон чӣ аҳвол дорад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Дониёр Набиевро ба хабарнигорон нишон надоданд. ВИДЕОДониёр Набиевро шартан аз зиндон озод кардаандДониёр Набиев (Бобои Дона)-ро аз зиндон раҳо кардаандРаиси Додгоҳи олӣ дар посух ба талаби ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳабси Дониёр Набиев пуштибонӣ кард. ВИДЕООмбудсмени тоҷик гуфт, дар бораи Дониёр Набиев ва ҳукми зиндони ӯ чизе намедонадДаъвати се созмон ва ҳомиёни ҳуқуқ аз Тоҷикистон ба "озодии фаврӣ"-и Дониёр Набиев