Ин ниҳод рӯзи 27-уми август эълон кард, ки ҳуввияти 10 нафари кушташуда дар суқути ҳавопаймо маълум шудааст ва номи онҳо ба рӯйхати мусофироне, ки пештар нашр шуда буд, мувофиқат мекунад.
Қаблан идораи "Росавиатсия" хабар дода буд, ки дар байни мусофирони ҳавопаймо Евгений Пригожин, роҳбари "Вагнер" ва муовини ӯ Дмитрий Уткин ҳам буданд.
Ҳавопаймои “Вагнер” рӯзи 23-юми август дар роҳ аз Маскав ба Санкт-Петербург, дар Твер афтод. Наҷотбахшон дар ҷойи ҳодиса ҷасади 10 мусофирро пайдо карданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Фарзияҳои марги Пригожин
Кумитаи тафтишотӣ ҳанӯз омилҳои аслии суқути ҳавопайморо эълон накардааст, аммо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои ҷаҳонӣ фарзияҳои мухталифе дар ин бора садо медиҳанд.
Бисёре аз таҳлилгарони ғарбӣ ба даст доштани Ҳукумати Русия дар марги Пригожин ишора мекунанд.
Кремл ин иддаоҳоро рад мекунад. Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия сару садоҳо дар бораи даст доштани Кремл дар суқути ҳавопаймо ва марги Евгений Пригожинро "як дурӯғи комил" номид.
Бо ин ҳама бархе аз коршиносон бар ин боваранд, ки сарнагун шудани ҳавопаймои Вагнер тасодуфӣ набуд. Скот Лукас, профессори бахши сиёсатҳои байналмилалӣ дар Донишгоҳи Дублин гуфт: “Хадамоти махсуси Амрико ва Оҷонсиҳои иктишофии Аврупоӣ, пайём медиҳанд, ки зоҳиран ҳавопаймо бо мушаки зидди ҳавоӣ сарнагун шудааст. Агар ба ин фарзия, ки мушакҳои Русия аз идора берун шудаанд, ё хатои фалокатборе шуд, бовар накунем, пас мешавад хулоса кард, ки ин як кори ҳадафмандона ва фармоишӣ буд.”
"Ӯ қоидаи муҳимтарини Кремлро вайрон кард"
Ошӯби Пригожин ба зидди фармондеҳони баландрутбаи Русия ҳадсу гумонҳоро дар атрофи марги ӯ бештар кардааст.
Ду моҳ қабл, рӯзи 23-юми июн раҳбари “Вагнер” бо зархаридонаш исёни кӯтоҳмуддате бардошта, ба тарафи Маскав ҳаракат карданд, аммо бо миёнҷигарии раҳбарони Беларус ва бар пояи як созиш бо Кремл аз нимароҳ баргашта, ба Беларус рафтанд.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин ошӯб, Андрей Коробков, коршиноси масоили Русия, мегӯяд, марги Евгений Пригожин пешгӯишаванда буд. “Аз он ошӯб расо ду моҳ гузашт. Ин бисёр рамзӣ аст. Ман ва дигарон ҳам аз аввал мегуфтем, ки ба Пригожин раҳм нахоҳанд кард. Ӯ қоидаи муҳимтарини Кремлро вайрон кард. Ба пешво содиқ набуд. Ҳодисаи ду моҳи пеш, барои Путин бисёр ҳиҷолатовар буд. Бинобар ин чунин поёнеро интизор шудан мумкин буд.”- афзуд вай.
Таҳлилгар, Скот Лукас мегӯяд, агар ҳавопайморо қасдан нобуд карда бошанд, пас ин як пайёми Путин ба аъзои дигари ҳукумат аст. Вай гуфт: “Бо ин роҳ ӯ ба дигар намояндагони ҳукумати худ, низомиёну сиёсатмадорон ва дигар раҳбарон, пайём фиристод, ки “агар аз пеши роҳи ман мегузаред ё эътироз мекунед, баҳои гарон пардохт хоҳед кард.” -
Ба андешаи таҳлилгарон, агарчӣ марги раҳбари “Вагнер” ба фоидаи Владимир Путин хоҳад буд, вале айни замон кушта шудани Пригожин, ки бо ҷалби зархаридон дар ҷанги Русия дар ҷанги Украина нақши муҳим дошт, эҳтимол ба нафъи низомиёни кишвар нест.
Андрей Коробков, коршинос оид ба масоили Русия гуфт: “Пригожин худро ҳамчун раҳбар ва фармондеҳи корсоз нишон дод. Ҳоло шояд, назорат шадидтар ва талабот аз фармондеҳон бештар шавад. Ба ҳар ҳол ин тағйирот метавонад, ба коҳиши самаранокӣ ва аз даст додани назорат ба зархаридони “Вагнер” ва низомиёни дигар сохторҳо сабаб шавад”
Сарнавишти зархаридони "Вагнер" чӣ мешавад?
Рӯзи панҷшанбе Путин ба хонаводаҳои қурбониёни суқути ҳавопаймо изҳори ҳамдардӣ кард ва гуфт, Пригожин "шахси боистеъдод" буд, аммо "ба хатогиҳои ҷиддӣ роҳ дод". Раиси ҷумҳури Русия ду моҳ пеш ӯро "хоин" хонда буд.
Баъди марги раҳбари ширкати “ЧВК Вагнер” Евгений Пригожин чандин масъала, аз ҷумла сарнавишти ҷангиёни аъзои ин гурӯҳ норӯшан мемонад.
“Вагнер” аз роҳи ҷалби зиндониён дар маҳбасҳои Русия дар қатори нирӯҳои вазорати дифоъ дар ҷанги зидди Украина иштирок мекард ва ҳодисаҳои зиёди аз зиндонҳо ба ҷанг бурда шудани шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро Радиои Озодӣ ҳам хабар додааст. Ҳамакнун онҳоро чӣ интизор хоҳад буд?
Ба андешаи Алишер Илҳомов таҳлилгари масоили минтақа, ҳоло барои Путин муҳим аст, ки зархаридони “Вагнер” дубора ба ҷабҳа баргашта, фаъолияти низомии худро идома диҳанд.
“Мо хабар дорем, ки чанде пеш дар мулоқоташ бо раҳбарияти “Вагнер” ва худи Пригожин, ӯ аз онҳо хоста буд, ки баргашта, бо вазорати дифоъ созише имзо карда дубора ба ҷабҳа бираванд. Дар ҳамон мулоқот Пригожин мушаххасан гуфт, ки дигар ба ҷанги Украина барнамегардад, вале омода аст, дигар корҳоро анҷом диҳад. Аз ҷумла, дар Беларус истода ба омода кардани нирӯҳои беларусӣ кӯмак кунад ва баъдан ба Африқо баргашта, кореро, ки то ҳол мекард, яъне кӯмак ба диктатураҳои он ҷо идома диҳад. Вале Путин зоҳиран бо ин розӣ набуд, чун вазъи артиши Русия бӯҳронӣ аст ва ӯ мехост, ки дубора нирӯҳои “Вагнер”-ро ба ҷабҳаи Украина баргардонад. Эҳтимолан акнун аз ин ҷангиён тақозо мешавад, ки дар ҳайати як воҳиди ҷудогонае зери назари вазорати мудофиа, ҳамонгуна, ки дар ҳайати “Вагнер” буданд, ба фаъолияти худ идома диҳанд”- гуфт, коршинос, Алишер Илҳомов.
Моҳи июл, як моҳ баъд аз исёни якрӯзаи Пригожину созишаш бо Кремлин ва эълони даст кашидани ӯ аз ширкат дар ҷанги Украина, телеграм-канали "Разгрузка Вагнера", ки ба ин гурӯҳ наздик аст, навишт, дар ҷанги зидди Украина ин гурӯҳ 78 ҳазор нирӯ дошт, ки 49 ҳазор нафараш аз ҳисоби зиндониҳо ташкил шуда буд.
Аз инҳо, ба қавли ин вебсайт 22 ҳазор нафарашон дар ҷанг кушта шуданд. Мақомоти Русия ҳеҷ гоҳ ин оморро тасдиқ ё рад накарда, танҳо гуфтаанд, талафоти Русия дар ҷанги зидди Украина наздики 6 ҳазор нафар аст.