Варзишгарони тоҷик дар риштаи бокс 8 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) гирифтанд. Миҷгона Самадзода дар мусобиқаи занон дар дар вазни то 57 кило, Абубакр Муродзода (-60 кг) ва Абдумалик Болтаев (-80 кг) - дар байни мардон медалҳои тилло ба даст оварданд. Расул Аҳадов (-67 кг) барандаи медали нуқра шуд.
Муштзани тоҷик Дилдода Осақолова дар вазни то 54 кило миёни занон, Шоҳин Ҳикматов (-63,3 кг), Диёр Султонов (-75 кг) ва Толиб Расулов (-86 кг) дар мусобиқаи мардон бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Абубакр Шеров, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило медали тилло гирифт. Инчунин варзишгарони тоҷик дар риштаи ҷудо дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Кубаро барои ҷои сеюм шикаст дода, соҳиби медали биринҷӣ гардиданд.
Маҳмуд Абдуллоев, довари дараҷаи байналмилалӣ, аз шаҳри Екатеринбург ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки имрӯз, 25-уми август, дар риштаи гуштии озод як нафар – Ҳусейн Маликов - дар вазни то 57 кило вириди рақобат мешавад. 26-уми август дар намудҳои самбои варзишӣ ва самбои размӣ 4 нафар Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳанд кард.
Ҳайати варзишии Тоҷикистон дар ин ҷашнвора бо шумули 50 кас, ки 37 нафарашон варзишгаранд, бо раҳбарии Шодӣ Сафаров, раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, ширкат дорад.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии шаш рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Фестивал мавқеи дастаҳо чунин аст:
1. Русия – 63 тилло, 61 нуқра, 91 биринҷӣ
2. Куба – 4, 3, 5.
3. Тоҷикистон – 4, 1, 5.
4. Қирғизистон – 3, 6, 2.
5. Озарбойҷон – 3, 3, 7.
6. Бразилия – 3, 2, 4.
7. Эрон – 2, 1, 6.
8. Қазоқистон – 2, 1, 4.
9. Арманистон – 2, 0, 2.
10. Чин – 2, 0, 1.
11. Беларус – 1, 6, 7.
12. Венесуэла – 1, 4, 1.
13. Узбекистон – 1, 2, 3.
14. Ироқ – 0, 0, 2.
15-16. Ҳиндустон, Сербия – 0, 0, 1.
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Фестивал, ки 14 намудро дарбар мегирад, донишҷӯёни варзишгар аз 36 кишвар то рӯзи 28-уми август рақобат мекунанд. Ин ҷашнвора дар доираи чорабинии бузурги «Екатеринбург – ЭКСПО» доир шудааст.