Олмон бори аввал ба Украина дар доираи кӯмаки низомӣ барои маҷмаи амрикоии "Пэтриот" мушак додааст.
Ба ҷуз ин Киев низоми кашфи бесарнишинҳо, 40 бесарнишини иктишофӣ, 22 млн дона тир, 10 тонки "Леопард" ва чандин мошини зиреҳпӯш дарёфт мекунад.
Мақомоти Олмон борҳо гуфтаанд, ки ба Украина ҳар чӣ қадар, ки зарур шавад, кӯмак мерасонанд. Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон гуфт, то соли 2027 кӯмаки Олмон ба Украин ба 17 млрд евро хоҳад расид. Соли гузашта Олмон ба Украин дар ҳаҷми 14 млрд евро кӯмак расонидааст.
Ба ҷуз ин Норвегия ва Нидерландияву Дания ваъда кардаанд, ки ба Украина ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 медиҳанд. Ирсоли ин навъи ҳавопаймоҳо баъди он сурат хоҳад гирифт, ки низомиҳои украин идораи онро аз худ кунанд.
Дания ахиран хабар дод, халабонҳои украин омӯзиши идораи ҳавопаймоҳоро шуруъ кардаанд.