"Истиқлол" дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC бо "Ал-Наср"-и Роналду бозӣ мекунад

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе тибқи қуръакашии Лигаи қаҳрамонҳои AFC, ки имрӯз, 24-уми август, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия доир гардид, дар як гурӯҳ бо бошгоҳи «Ал-Наср«-и Криштиану Роналду бозӣ мекунад.

Ба иттилои сомонаи расмии бошгоҳи футболи «Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон дар гурӯҳи «E” бо дастаҳои «Персеполис»-и Эрон, «Ал-Дуҳайл»-и Қатар ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ рақобат хоҳад кард.

Зимнан, дар ҳайати бошгоҳи «Ал-Наср» капитани мунтахаби Португалия Криштиану Роналду ҳунарнамоӣ мекунад.

«Истиқлол» бозии нахустинашро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳи AFC-2023/24 муқобили «Ал-Дуҳайл»-и Қатар анҷом медиҳад. Ин бозӣ 18-уми сентябри имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Бояд гуфт, аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24:

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»: «Пахтакор» (Узбекистон), «Ал-Фейҳа» (Арабистони Саудӣ), «Аҳал» (Туркманистон), «Ал-Айн» (Имороти Муттаҳидаи Араб).

Гурӯҳи «В»: «Ал-Садд» (Катар), «Насаф» (Узбекистон), «Ал-Файсалӣ» (Урдун), «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб).

Гурӯҳи «С»: «Ал-Иттиҳод» (Арабистони Саудӣ), «Сипоҳон» (Эрон), «Эйр Форс» (Ироқ), АГМК (Узбекистон).

Гурӯҳи «D»: «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Нассоҷи Мозандарон» (Эрон), «Мумбаи Сити» (Ҳиндустон), «Навбаҳор» (Узбекистон).

Гурӯҳи «Е»: «Персеполис» (Эрон), «Ал-Дуҳайл» (Қатар), «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ).