Бар асоси ин қарор, нархи хидмати ҳарбии пулакӣ 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 51 ҳазор сомонӣ хоҳад шуд. Феълан дар Тоҷикистон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ аст. Маълум нест чаро нархи хидмати ҳарбии алтернативӣ якбора 78 фисад ё қариб ду баробар боло меравад.
Вале дар гузашта эълони арзиши хидмати алтернативӣ вокунишҳои гуногунро ба вуҷуд оварда буд. Иддае онро як роҳи қонунии халосӣ аз артиш донистанд ва гурӯҳе аз эҳтимоли афзоиши фасод нигаронӣ доштанд, ҳарчанд намояндагони Вазорати мудофиа мегӯянд, шаффофияти ин кор таъмин мешавад.
Моҳи январи соли 2021 дар Тоҷикистон қонуни нави хидмати ҳарбӣ қабул шуд. Ин қонун бори аввал дар кишвар хидмати пулакиро пешбинӣ кард. Тибқи он, ҷавонон имкон пайдо карданд, бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз раҳгузарон дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе назарашонро дар бораи тағйири ин қарори ҳукумат пурсиданд:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад