Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бахши дувуми таҳқиқоти худ оиди муҳоҷирон аз Қирғизистонро, ки дар ҷанги Украина қурбон шудаанд, нашр кард. Ин дафъа ба рӯзноманигорон муяссар шуд, ки бо хешовандони қурбониён ва ширкатдорони низоъ, ки аз маҳбас ба майдони ҷанг сафарбар шудаанд, сӯҳбат кунанд.
Эрлан Эрмеков, шаҳрванди 30-солаи Қирғизистон дар яке аз зиндонҳои Русия адои ҷазо мекард. Охири соли гузашта ӯ ба гурӯҳи зархаридони «Вагнер» шомил шуд. Дар яке аз охирин сӯҳбатҳои видеоӣЭрлан бо хонаводааш гуфтааст, “агар ҳамааш хуб шавад, пас аз шаш моҳ озод мешавам. Ин бароям як имконият аст.”
Эрмеков дар ин суҳбаташ гуфта буд, танҳо аз зиндоне, ки ӯ нигаҳдорӣ мешавад тақрибан 200 касро ба ҷанги зидди Украина мебаранд.
Гулнора Зокирова, модари Эрлан Эрмеков мегӯяд, писараш бори охир 31-уми январ занг зада буд. "Ӯ ба ман дурӯғ гуфт, ки ҳамчун ошпаз кор мекунад. Аммо маълум шуд, ки дар ҷанг иштирок мекардааст.”
Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Эрмеков баъди чаҳор моҳи рафтан ба ҷанг ҳалок шуд. Ӯ яке аз нахустин қирғизистониҳое буд, ки иштирокаш дар ҷанги Украина расонаӣ гардид.
Ба нақли модараш, Эрлан Эрмековро ба ғоратгарӣ ва таҷовуз ба номус айбдор карда буданд. Ҳарчанд Гулнора Зокирова исрор меварзад, ки фарзандаш бегуноҳ маҳкум гардидааст, чун ҳангоми содир шудани ҷиноят дар Русия набуд. Вале зан натавонист бегуноҳии писараш исбот намояд ё ҳадди ақал ӯро ба зиндони Қирғизистон орад.
Ба гуфтаи Гулнора Зокирова, писараш нисфи муҳлати ҷазоро адо карда буд, аммо баъдан чун ваъдаи афвро гирифт, розӣ шуд ба ҷанг биравад.
"Ман гумон кардам, ки дар тобут чизе нест. Ба тарафи росташ снаряд бархӯрда, ӯро пора кардааст. Ӯ дар ҳамла иштирок намудааст. Онҳоро дар сафи аввал мегузоштаанд. Аз пеш ба сӯи онҳо украиниҳо тир меандозанд, дар сурати ақибнишинӣ чеченҳо мепарронанд. Аз пасашон русҳо тир холӣ мекунанд. Яъне дар байни ду оташ қарор мегиранд. Онҳоро ҳамчун барраи қурбонӣ истифода мекунанд,”-бо алам нақл мекунад ин модар.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ маълум кард, ки дар набардҳо барои Бахмут тақрибан 10 шаҳрванди Қирғизистон кушта шудаанд. Наздикони онҳо аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ мекунанд. Ба нақли пайвандони яке аз зиндониёни кушташуда ба онҳо намегӯянд, ки хешовандашон чигуна кушта шудааст.
Аксари маҳбусоне, ки ба ҷанг мераванд, дар бораи ин тасмимашон ба наздикон нақл намекунанд. Аз ин рӯ, дар бораи теъдоди захмиён, кушташудагон ва умуман ширкатдорони ҷанг аз Қирғизистон омори дақиқ вуҷуд надорад.
Мирлан Токтобеков, коршиноси масоили муҳоҷират мегӯяд, дар аввал маҳбусоне ба ҷанг ҷалб мешуданд, ки ба ҷиноятҳои вазнин муттаҳам буданд. Чун ба гуфтаи ин коршинос, чунин гурӯҳи маҳбусон, ки мебоист солҳои тӯлонӣ дар зиндон бошанд, довталабона ба ҷанг мерафтанад. “Баъдан онҳоеро маҷбуран сафарбар мекарданд, ки мӯҳлати адои ҳукмашон ба поён мерасид. Аз рӯи маълумоти мо 30 нафар қирғизистониёне, ки бевосита шаҳрвандии Қирғизистонро доштанд, қурбон шудаанд. Боз онҳое низ ҳастанд,ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд,"-афзуд ин коршинос.
Қаблан муассиси гурӯҳи зархаридони «Вагнер» Евгений Пригожин гуфта буд, ки ҷалби маҳбусон ба ширкати хусусии низомии ӯ қатъ шудааст. Аммо онҳое, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, мегӯянд, даъват ба ҷанг то ҳол идома дорад.
Наздикони қурбониён мегӯянд, баъди огоҳӣ ёфтан аз марги наздиконашон онҳоро боз як имтиҳони дигар интизор аст. Гирифтани тобут. Онҳо чанд ҳафта бояд мунтазир бимонанд ва дар аксар маврид пайдо ва шиносоӣ кардани кушташудаҳо аз миёни ҷасадҳои комилан сӯхта ва ё чанд пораи бадан, ки дар тобут гузошта шудаанд, сахт аст.
Модарони қурбониён борҳо ба ҳамватанонашон муроҷиат карданд,ки ба ҳеҷ ваҷҳ барои ширкат дар ин ҷанг розӣ нашаванд.
Тибқи хабарҳои расида, чандин зиндониёни тоҷикро ҳам аз маҳбасҳои Русия ба Украина бурдаанд. То ин дам хабари марги зиёда аз 20 нафари онҳо расонаӣ шудааст.
Ҷалби муҳоҷирону маҳбусони тоҷик аз ҷониби Русия дар ҷанги зидди Украина аз тобистони соли гузашта оғоз шуд. Он замон расонаҳо хабар доданд, ки артиши Русия дар ҷанг талафоти зиёд додааст ва бо ҷалби маҳбусон мехоҳад камбуди нерӯро ҷуброн кунад.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар бораи ба ҷанг сафарбар шудани тақрибан сад муҳоҷири тоҷик хабар доранд. Ҷанге, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро хилофи қонунҳои байнулмилалӣ медонад ва Русияро барои талоши ғасби як кишвари мустақил зери таҳрим гузошт.