Ҳамла рӯзи 16-уми августи имсол сурат гирифт. Норозиён гуфтанд, гуё ду нафар аз аҳолии Ҷаранвала ба китоби муқаддаси мусалмонон тавҳин карданд. Ҳоло мардум ба хонаҳои вайроншуда бармегарданд, вале мегӯянд, мисли пешина худро амн эҳсос намекунанд. Чаро?
"Дар ҳоле ки эълони ҳамла ба мо аз масҷидҳо баланд мешуд, полис 10-15 дақиқа вақт дод, ки инҷоро тарк кунем," – ба ёд овард Соҷид Масеҳ, яке аз шоҳидони ҳодиса.
Масеҳиёни Ҷаранвала мегӯянд, хонаҳояшон сӯхтаву хокистар шуд ва ҳамаи он чизеро, ки солҳои дароз ҷамъ оварда буданд, аз даст доданд.
“Бояд духтарамонро тӯй мекардем. Барояш зару зевар харида будем. Ҳамаи ин, пули нақд, таҷҳизоти барқӣ ва ашёи сохтмониро, ки барои бунёди хона гирифта будем, дуздиданд," – мегӯяд Мона Эмануэл.
Калисои католикӣ вайрон шудааст ва масеҳиёни Ҷаранвала дигар макони ибодат надоранд. Масъулони ҳукумат хона ба хона гашта, зарари расидаро ҳисоб мекунанд. Ба қавли намояндаи мақомот Ғулом Муртазо, "ҳар як оила камаш аз 700 то 1000 доллар зиён дидааст. Баъзеҳо бештар аз 5000 доллар зарар дидаанд."
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баъзе аз занону мардон зери осмони боз ва дар ҳавои гарм ашёи боқимондаашонро посбонӣ мекунанд. Ҳукумат ваъда додааст, ки дар чанд рӯз минтақаро ба ҳолати пешина бармегардонад, аммо бо назардошти мизони хисорот иҷрои он бисёр душвор ба назар мерасад.
Рӯҳониён аз калисои шаҳрҳои дигар барои ибрози ҳамдардӣ ба Ҷаранвала меоянд. Онҳо адолат мехоҳанд. Усқуф Юсуф Бҳаттӣ мегӯяд, "аз ҳукумати Покистон дархост мекунам, ки на танҳо изҳори таслият бикунад ё маҳкум намояд, балки роҳи ҳалли муносибро ёбад. То вақте шахсони гунаҳкор дар ин қазия ҷазо нагиранд, чунин амалҳо идома хоҳанд ёфт.”
Дар гузашта низ дар Покистон чанд ҳамлаи зидди масеҳиён иттифоқ уфтода буд, вале мақомот ба онҳо камтар вокуниш кардаанд. Муҳаммад Имрон Қадрӣ, рӯҳонии мусалмон, бовар дорад, ки “бадахалоқҳо бо рафтори худ тасаввуроти нодурустро дар бораи ислом ба намоиш мегузоранд.”
Ҳоло маъмурони пулис шаҳри Ҷаранваларо назорат мекунанд, вале сокинон мегӯянд, дигар ҳеч гоҳ худро амн эҳсос нахоҳанд кард.
"Шояд хонаҳои вайроншударо таъмир карда тавонем, вале беҳурматӣ фаромӯш нахоҳад шуд,” – гуфт Мона Эмануэл. Соҷид Масеҳ ҳам мутмаин аст, ки “он чиро аз сар гузарондем, аз ёд бурда наметавонем.”