Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, дар як ҳамла дар вилояти Кописо чанд нерӯи “Толибон”-ро кушт ва шуморе аз онҳоро захмӣ кард. “Толибон" то кунун вокуниш нишон надодаанд. Вилояти Кописо дар ҳамсоягии Кобул, Парвон ва Панҷшер ҷойгир аст.
Намояндагони Ҷабҳа рӯзи 20-уми август дар баёнияе дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, "нерӯҳояшон шаби шанбе ба қароргоҳи "Толибон" дар маркази ноҳияи Кӯҳистон ҳамла карданд."
Бар пояи ин баёния, дар натиҷаи ҳамла се нерӯи "Толибон" кушта ва ду тани дигар захмӣ шуданд. Дар эъломия иддао шуда, ки ба аъзои Ҷабҳа осебе нарасида.
Ҷабҳа ҳамчунин мегӯяд, дар даргириҳои ёздаҳ рӯзи гузашта дар вилояти Бадахшон, даҳҳо тан аз афроди Толибонро кушта ва захмӣ кардаанд. Ин даргириҳо дар вулусволӣ ё ноҳияи Шуҳадо сурат гирифт.
"Дар ин даргириҳо 18 нафар аз нерӯҳои Толибон кушта, 27 тан захмӣ шуд," – гуфтанд масъулони Ҷабҳа. Бар пояи маълумоти онҳо, дар ин даргирӣ 4 тан аз размандагони Ҷабҳа, аз ҷумла фармондеҳ Тоҳир кушта ва 2 тани дигар маҷруҳ шудаанд.
Гуфта мешавад, ки Толибон нерӯҳои зиёдеро аз Кундуз ва воҳидҳои вижаи "Бадрӣ" ва нерӯҳои сарҳадиашон ба Бадахшон фиристодаанд.
Ҷабҳаи муқовимати милли Афғонистон эълон кардааст, ки дар як моҳи охир бар постгоҳҳои Толибон дар Кобул, Бадахшон, Тахор, Бағлон, Парвон, Кописо ва Нуристон ҳамлаҳое анҷом додааст.
Мақомҳои ҳукумати Толибон дар мавриди иддаои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ чизе нагуфтаанд ва ба дархостҳои Радиои Озодӣ дар бораи мавзеашон дар ин маврид посухе надоданд.
Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти ҳозираи Афғонистон, баррасии мустақили чунин иддаоҳо душвор аст.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд баъди ба сари қудрати омадани Толибон таъсис ёфтааст. Нерӯҳои он дар асосан дар вилоятҳои шимолии Афғонистон бо Толибон даргир мебошанд.