Либоси мактабӣ арзон аст ё гарон? Назари мардум. ВИДЕО

Намунаи либосҳои мактабӣ дар Тоҷикистон

Ду ҳафта баъд дар Тоҷикистон соли нави таҳсил шуруъ мешавад. Барои ҳамин ин шабу рӯзҳо волидайни хонандагон серташвишанд ва барои фарзандонашон либоси мактабӣ мехаранд. Шикоятҳо аз гарон будани либоси мактабӣ ва паст будани сифати он кам нест. Мо дар хиёбонҳои Душанбе аз сокинон дар ҳамин бора пурсидем. Посухи сокинонро дар инҷо хонед ва тамошо кунед:

  • Арзон аст. Барои як хонанда 700-800 сомонӣ сарф кардем.
  • Се кӯдак дорам қариб чор ҳазор сомонӣ сарф кардам. Кӯдакон мехоҳанд чизи нағз пӯшанд.
  • Мо барои фарзандон кор мекунем, нархаш чанд шавад, мехарем
  • Нарху наво баъзеаш хуб аст, баъзеш қимматтар аст.
  • Ман барои як фарзандам то 300 сомонӣ қудрат дорам либос харидорӣ кунам.
  • Аз мактабҳо худашон гуфта истодаанд, ки либосҳои худи мактабро харанд.
  • Ҳар чизе, ки мавсимаш шавад қимат мешавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Назари мардум: Либоси мактабӣ арзон аст ё гарон?